Тоҷикистон раёсати авиатсияи ИДМ-ро ба уҳда гирифт
Аз 1-уми январи соли 2026 раёсати Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Тоҷикистон гузашт. Салоҳиятҳои раёсат аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфта, муҳлати он се солро ташкил медиҳад.
Фаъолияти Шӯро дар давраи раёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии намояндаи ваколатдор – директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода амалӣ мегардад.
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ таъкид намуданд, ки ин раёсат масъулияти мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданиро боз ҳам бештар намуда, ба рушди авиатсияи кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Москва зимни ҷаласаи 47-уми Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ қарор дар бораи вогузор намудани раёсати Шӯро ба Тоҷикистон қабул гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ