Толибон мактабҳои духтаронаро боз мекунанд, агар…

Масъулини Вазорати маорифи Толибон баста шудани мактабҳои духтаронаро ба мушкилоти барномаҳои таълимӣ дар ин мактабҳо рабт додаанд.

Тавре “Тулуънюз” бо такя ба Саид Аҳмад Шаҳидхайл, муовини вазири маорифи Толибон навиштааст, тасмим дар бораи бастани мактабҳои духтарона на танҳо ба Вазорати маориф, балки ба сиёсати Амороти Исломӣ дар заминаи ифтитоҳи мактабҳои духтарона дар асоси меъёрҳои исломӣ рабт дорад.

«Дар партави Қуръон ва суннат мактабҳо боз мешаванд. Бояд ба Имороти Исломӣ вақт бидиҳанд. Мактабҳо боз хоҳанд шуд”,- гуфтааст Саид Аҳмад Шаҳидхайл.

Вай афзудааст, ки дар назар доранд, омӯзиши ахлоқ, эътиқод, зиндагии хонаводагӣ, тарбияи фарзанд ва парвариши фарзандро ба барномаи таълимии духтарон ворид кунанд ва баъди ин, мактабҳо барои духтарони донишҷӯ бидуни фишори берунӣ ва дар чаҳорчӯби шариати исломӣ боз хоҳанд шуд.

Чанде пеш Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи Толибон дар вилояти Хуст гуфта буд, ки мактабҳои духтарона ба иллати маҳдудиятҳои фарҳангӣ баста ҳастанд. Ин намояндаи Вазорати маорифи Толибон ба хабарнигорон гуфтааст, ки Амороти Исломӣ кӯшиш мекунад, ки барои дур сохтани ин мушкил дар тамоми бахшҳои Афғонистон мактабҳоро барои духтарон бозкушоӣ кунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.