ТОП – 10 2017 пурнуфузтарин сиёсатмадорони дунё 

Шумораи аҳолии сайёра зиёда аз 7, 1 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Аммо дар ин саҳифа мо танҳо номи 10 нафари онҳоро меорем. Ин 10 нафар айни ҳол тақдири курраи арзро дар даст доранд. Села – села одамонро аз пасашон мебаранд. Сиёсати минтақаҳоро мушаххас мекунанд. Ҷангу сулҳи дунё маҳз кори ҳаминҳост.  Ин рӯйхати 10-гонаи пурнуфузтарин ва таъсиргузортарин шахсиятҳои ҷаҳон аст.

  1. Владимир Путин — Президенти Федератсияи Русия. Аллакай соли чандум аст, ки номи Путин дар сафи аввали рӯйхати маҷаллаи «Forbes», дар қатори таъсиргузортарин шахсиятҳои ҷаҳон қарор мегирад. Дар ҳақиқат ҳам Путин давоми чанд соли ҳукмронии хеш Русияро ба як давлати абарқудрате табдил дод, ки метавонад манфиатҳои худро дар ҷаҳон ҳимоя кунад. Махсусан соли охир, ки Русия тавонист бо роҳбарии Путин ДИИШ-ро дар Сурияву Ироқ решакан кунад.  Коршиносон менависанд, ки дар интихоботи соли 2018 низ, Путин бешакк ғолиб хоҳад омад.
  2. Доналд Трамп – Президенти ИМА. Сиёсати Трампро коршиносон «сиёсати ранга» мегӯянд, зеро ӯ бо нишастани худ ба курсии шахси аввали ҷумҳурӣ дар сиёсати дохиливу хориҷии Амрико дигаргунии куллӣ ба вуҷуд овард. Махсусан таҳдиду раддубадали Трамп бо Куриёи Шимолӣ ва Президенти он Ким Чин Ин ҳамеша дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Ташаббуси охири ӯ дар мавриди аз Телавив кӯчонидани сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас мавриди муҳокимаи бемисл қарор гирифт. Трамп бемуҳобот яке аз шахсиятҳои пурнуфуз ва таъсиргузортарини дунёст.
  3. Ким Чин Ин – Президенти Кореяи Шимолӣ. Яке аз роҳбаронест, ки тӯли сарвариаш ба Куриёи Шимолӣ ҳамарӯза бо корҳои ғайриодӣ ва ташаббусҳои баҳсбарангезаш дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Дар мақоми сеюм қарор гирифтани ӯ дар рӯйхати пурнуфузтарин шахсони дунё бесабаб нест. зеро ӯ бо доштани яроқи ҳастаӣ ва «хоку туроб кардани Амрико дар як рӯз» ҷаҳонро ба ларза овардааст. Ҷаҳони муосир аз он ки ҷанги ӯву ИМА оғози ҷанги сеюми ҷаҳон шавад аз ӯ ҳарос дорад.     
  4. Си Ҷин Пин котиби генералии ҳизби комунистии Хитой. Ӯ нафарест, ки солҳои тӯлонӣ дар доираҳои ҳукмрони ин кишвар қарор дорад ва аз обрӯву нуфузи хоса бархӯрдор аст. Зиндагии ӯ ғайримаъмулӣ будааст, кӯдакиаш дар муҳити сарват ва наврасиву ҷавониаш дар камбағаливу тангдастӣ гузаштааст. Баъди ба даст овардани боварии ташкилоти комсомолӣ ва шомил шудан ба сафи он фаълияти корииаш ботадриҷ баланд рафт. Кунун Си Ҷин Пин ба қавле дар сари чанбараки ҷумҳурии бузургест, ки шумораи аҳолиааш дар ҷаҳон аз ҳама зиёд ва иқтисодиёташ пуриқтидор аст.
  5. Ангелa Меpкел — канслери Олмон. Бе муҳобот, Ангела Маркел пурқудраттарин зани ҷаҳон ба шумор меравад. Вай қобилияти таъсиррасонӣ ба кулли давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро дорад. Ангела нисбати  давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Русия сиёсати қавиро пеш гирифтааст.  Вай ҷонибдори қавӣ гардонидани муносибатҳо бо ИМА буда, Русияро  хуш надорад ва ин ақидаи хешро пинҳон намекунад.  Олмон дар зери сиёсати пешгирифтаи ӯ ба яке роҳбарони минтақавӣ табдил ёфтааст.
  6. Бил Гейтс — раиси Шӯрои директорони ширкати «Microsoft». Яке аз намояндагони ҷаҳонии технологияҳои рақамӣ. Бил Гейтс дар як дақиқа на камтар аз 6,5 ҳаз дол кор мекунад. Вай ҳамчун яке аз доротарин шахсиятҳои ҷаҳон ҳамеша дар  саҳифаҳои аввали нашрияҳои маъруф пайдо мешавад. Ҳамчунин, Бил Гейтс дар саховатмандӣ низ ҳамто надорад. Ӯ то имрӯз зиёда 28 миллиард долларро ба корҳои хайриявӣ сарф кардааст.
  7. Папаи Рум Франсиск — сарвари калисои католикӣ. Мувофиқи таълимоти насронӣ “падари рӯҳонӣ дорои қудрати бешаки илоҳӣ” ва ҳукмронии мутлақ дар болои рӯҳи 1,2 млрд. католикҳо дар саросари дунёст. Католикҳо бо ҳалли масъалаҳои гуногун, аз қабили  назорат аз болои таваллуд, муносибат ба исқоти ҳамл, издивоҷи ҳамҷинсон ва ғайраҳо. Падари рӯҳонӣ шахсияти гуманист ва саховатпеша аст.
  8. Антонио Гутериш — Дабири кулли СММ. Пас аз он, ки Гутериш дабри кулли СММ шуд, нуфузи ин созмон боло нарафт. Инро ҳамаи коршиносон таъкид кардаанд. Аммо худи Гутериш шахсияти таъсиргузори ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Зеро ӯ дар масоили печида ва серчолиш ҳам мехоҳад роҳи ҳалли одилона ва аз ҳама муҳим, башардӯстона пайдо кунад. Ташаббусҳои ӯ дар масоили экология, терроризми байналмилалӣ ва мубориза бо радикализм боиси таҳсин аст.
  9. Тереза Мей – Сарвазири Британияи Кабир. Мақоми ин зан дар Аврупо хоса аст. Ӯ нафарест, ки дар давраи роҳбариаш сиёсати Иттиҳоди Аврупоро ба ларза овард. Махсусан иддао ва раъйпурсии баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар замони роҳбарии ӯ давлатҳои аврупоиро зиёд нороҳат сохт. Муросои Тиреза Мей бо Елезаветта ҳам рашки ҳар як зани сиёсатмадор аст, менависанд коршитносон.
  10. Лapри Пейҷ ва Сергей Брин — муассисони «Google». Ин рафиқон ҳанӯз дар нимаи дуюми солҳои 90-ум бо ҳам ошно шуда буданд, айни ҳол таъсиргузортарин шахсони дунё ҳастанд.  Маҳз ҳаминхо дар соли 1998  «Google»- ро аз сифр  оғоз намудаанд.  Имрӯз «Google» на танҳо муҳаррики бузурги ҷустуҷуӣ, балки корпоратсияи калонтарини ҷаҳонии трансмиллист, ки дар рушди интернет ва дигар технологияҳо маблағгузории бузург мекунад. Сомонаҳои «Google Ink» яке аз машҳуртарин сомонаҳо дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар як моҳ ба он то 1 миллиард одам ворид мешавад. Бисёриҳо аллакай бе «Google» зиндагониашонро тасаввур карда наметавонанд, зеро он ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҳаррӯза ва иҷтимоии моро дар бар мегирад. Барномаҳои гуногун ва сайтҳои «Google», аз он ҷумла «YouTube», «Blogger», харитаҳои «Google» барои миллионҳо одамон аҳамияти калон доранд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *