Тошканд. Нақши Кароматов дар рушди мусиқашиносии муосир баррасӣ гардид

Дар як конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Донишкадаи санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ дурнамои мусиқии муосир таҳти баррасӣ қарор гирифт ва дар он намояндагони соҳаи санъати мусиқии Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон гирдиҳам омаданд.

Ба гуфтаи ректори Институти санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон Элдор Шерманов конфронс ба садсолагии Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон, доктори улуми санъатшиносӣ, профессор Файзулло Кароматов бахшида шудааст.

 -Ин шахсияти шинохта дар рушди илми мусиқишиносӣ, фолклоршиносӣ ва этномусиқишиносӣ нақши муассир бозидааст. Ӯ тамоми умри худро ба омӯзиши таърихи санъати мусиқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бахшидааст. Вай дар офариниши оҳангу сурудҳои мардумӣ низ хеле муваффақ шудааст, ки намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба шумор мераванд. Ҳатто маҷмӯи нотаҳои Шашмақом тартибдодаи Юнус Раҷабӣ таҳти таҳрир ва роҳбарии Файзулло Кароматов интишор ёфтааст,-изҳор намуд Э.Шерманов.

 Гуфта шуд, ки бо талоши Файзулло Кароматов ба “Шашмақом”, “Сувораҳои Хоразм” ва сурудҳои зиёди мардумӣ умри дубора ато шудааст.

 Файзулло Кароматов 14 декабри соли 1925 дар шаҳри Бухорои шариф ба дунё омадааст. Вай донандаи беҳтарини санъати мусиқии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мебошад. Ф.Кароматов Консерватория давлатии Тошканд ва Донишкадаи педагогии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1951-1954  аспиранти Консерваторияи Москав роҳбарии профессор В.М. Беляев хатм кардааст.

 -Падарам фаолияти худро сол 1941 дар Театри мусиқӣ-драмаи Бухоро ба ҳайси гижжакнавоз оғоз намуда, солҳои 1943-1949 дар оркестри симфониии Филармония ва радиои Ӯзбекистон, баъдан ба сифати ходими илмӣ, солҳои 1957-1964 директори Институти санъатшиносии ба номи Ҳамза (Тошканд), соли 2000 мудири фонди мусиқии ҳамин институт фаъолият намудааст,-мегӯяд доктори фалсафа оид ба фанҳои санъатшиносӣ Дилором Кароматова.

 Дарвоқеъ, Ф.М. Кароматов дар тарбиява ташаккулёбии кадрҳои соҳаи мусиқишиносӣ барои Тоҷикистон саҳми хеле бузург гузоштааст. Аскаралӣ Раҷабзода, Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, Абдувалӣ Абдурашидов, Баҳринисо Қобилова аз зумраи шогирдони ӯ маҳсуб меёбанд.

-Ман таҳти роҳбарии устод Файзулло Кароматов рисолаи илмии худро доир ба танбӯр ҳимоя кардаам. Баъдтар мо бо устод дар Душанбе Академияи мақомро таъсис додем, ки ҳоло ба яке аз муассисаҳои номдори соҳаи санъати мақомхонии Тоҷикистон табдил ёфтааст,-гуфт Абдувалӣ Абдурашидов.

 Вай афзуд, ки Файзулло Кароматов роҳбари беш аз 30 экспедитсияи мусиқишиносии Осиёи Марказт мебошад. Бо ибтикори ӯ дар Консерваторияи давлатии Тошканд  аввал кафедра ва дертар дар заминаи ин кафедра факултаи мусиқии Шарқ ташкил шудааст. Инчунин дар тарбия кардани шогирдони зиёде аз Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия, Бошқирдистон ва амсоли он саҳм гирифтааст. Зери роҳбарии ӯ 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи доктори санъатшиносиро дифоъ намудаанд.

Мирасрор Аҳроров, шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *