Тоҷикистонро дар “Abu Dhabi Grand Slam 2025” 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд

Аз 28 то 30-юми ноябр дар Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб яке аз мусобиқоти калидии охири мавсими соли равон – мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” (“Abu Dhabi Grand Slam-2025”) баргузор мешавад.

Дар мусобиқа аз 43 кишвар дар маҷмуъ 365 варзишгар – 212 мард ва 153 зан сабт шудаанд, ки рақобатро дар ҳар вазн шадид хоҳад кард.

Ҳайати мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистонро дар 10 вазн миёни мардон Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Муллораҷаб Халифаев (66 кг), Абӯбакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев (ҳарду 73 кг), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду 81 кг), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду 90 кг), Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду 100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Иштирок дар “Abu Dhabi Grand Slam” марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мавсими 2026 ва мусобиқаҳои интихобии давраи нав ба ҳисоб меравад.

Ин мусобиқа дар “Mubadala Arena”, ки борҳо мусобиқаҳои пурнуфузи ҷаҳониро қабул кардааст, баргузор мешавад.

Фонди умумии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ҷудокорон барои дарёфти нишони тилои мусобиқа 5 ҳазор, нуқра 3 ҳазор ва биринҷӣ 1500 евро мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *