Бунёди корхонаи телевизорсозӣ дар Истаравшан
Дар шаҳри Истаравшан корхонаи нави истеҳсоли телевизор сохта ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан корхонаи бастубанди маҳсулоти маишию техникии “Файз Нур-ТВ”-ро ифтитоҳ намуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби бародарон Файзиевҳо дар масоҳати 2 гектар замин ба маблағи 6 млн сомонӣ бунёд гардида, дорои 4 коргоҳи истеҳсолӣ, анбор, ошхона ва бинои маъмурӣ мебошад. Дар корхона телевизорҳои замонавӣ ва техникаи маишӣ, аз ҷумла плитаи газиву барқӣ истеҳсол менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо бунёди корхонаи “Файз Нур-ТВ” 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ бо маоши то 3 ҳазор сомонӣ таъмин гаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ