Вазири корҳои хориҷаи Чин ба Тоҷикистон меояд
Дар назар аст, ки 21- уми ноябр Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон биёяд.
Дар ин бора ба “Pressa.tj” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Ба навиштаи ВКХ-и Чин Ван И ин сафар бо даъвати вазирони хориҷаи се кишвари Осиёи Миёна ба минтақа анҷом дода мешавад.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Мао Нин дар суҳбат ба хабаргузории давлатии Синхуа гуфтааст: ”вазирон оид ба равобити дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷӯҳи муштарак табодули назар хоҳанд кард”.
Вай таъкид кардааст, ки сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар, ҳамкориҳои Чинро бо се кишвари номбурдаи Осиёи Миёна дар чаҳорчӯбаи “Як камарбанд як ҷодда” амиқтар хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ