Тоҷикистону Қирғизистон: Гардиши тиҷорат ба $500 миллион мерасад
Сафари давлатии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8-9-уми июли соли 2025 баргузор гардид, марҳилаи нави муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсояро дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона боз намуд. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид. Дар натиҷа, ҷонибҳо 13 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд ва ду гузаргоҳи муҳими марзӣ – “Тоҷварон – Қарамиқ”-ро расман боз намуданд.
Боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ
Дар доираи сафари Президенти Қирғистон ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ду гузаргоҳи марзии “Тоҷварон – Қарамиқ” баргузор шуд. Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ба таври маҷозӣ дар бозкушоии ин марз иштирок намуданд. Ифтитоҳи ин гузаргоҳҳо барои рушди робитаҳои тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни минтақаҳои наздимарзии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон заминаи нав фароҳам меорад.

13 санади нави ҳамкорӣ
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ 13 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Созишномаҳо дар самти геодезия, заминсозӣ, саноат, стандартизатсия, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ, барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2026-2027, таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шурои кории муштарак, ёддошти тафоҳум дар самти илм, хизматрасонии давлатӣ ва дигар бахшҳои муҳим аз ҷумлаи санадҳои нави имзошуда мебошанд.

Дӯстии абадӣ
Дар доираи сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар толори бошукӯҳи “Кохи Борбад” барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров иштирок намуданд.
“Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад”,- таъкид мекунад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.



Афзоиши бесобиқаи савдои дуҷониба
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба 6,35 миллион доллар расидааст. Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ҳамагӣ 405,1 ҳазор доллар буд. Содироти Тоҷикистон ба Қирғизистон 1,59 миллион доллар ва воридот аз Қирғизистон 4,76 миллион долларро ташкил медиҳад.
“Барои расидан ба ин ҳадаф заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳар ду кишвар басанда аст”,- изҳор дошт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Ин афзоиши бесобиқа нишондиҳандаи беҳтар шудани фазои ҳамкорӣ ва эътимоди нав дар муносибатҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.

Дурнамо $500 миллион
Дар мулоқоти вазирони рушди иқтисод ва савдои ду кишвар – Завқӣ Завқизода ва Бакит Сидиков ҳадафҳои стратегӣ оид ба расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба ба 500 миллион доллар дар миёнамуҳлат иброз гардид. Барои расидан ба ин ҳадаф “Харитаи роҳ” таҳия мешавад, ки ба соҳаҳои соддасозии расмиёти гумрукӣ, рақамикунонӣ, транзити мол ва таҳкими долонҳои тиҷоратии минтақавӣ нигаронида шудааст.
Аз муноқиша ба ҳамкорӣ
Соли 2025, пас аз давраҳои мушкил ва муноқишаҳои солҳои гузашта, як гардиши мусбат дар муносибатҳои ду кишвар мушоҳида мешавад. Таҳлилгарон ин тағйиротро ба муколамаи фаъоли сиёсатмадорон, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва иродаи устувори роҳбарияти ду кишвар рабт медиҳанд.
Сафари Президенти Қирғизистон на танҳо рамзи эҳёи равобити дипломатӣ, балки оғози як модели нави ҳамгироии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Агар ин раванд бо чунин суръат идома ёбад, расидан ба ҳаҷми 500 миллион доллари гардиши савдо байни ду кишвар имконпазир хоҳад буд.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ