Туркманистон: Президент бахшида ба «Шаби қадр» 514 маҳбусро афв кард

Президенти нави Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов қонуни нави афви маҳбусон дар ин кишварро имзо кард.

Дар иттилоияи расмии мақомоти Туркманистон гуфта шудаааст, ки ин қонун бахшида ба «Шаби қадр» дар моҳи Рамазон имзо шудааст ва бар асоси он 514 маҳбус аз зиндон озод мешаванд. Мақомоти туркман гуфтаанд, ки маҳбусони озодшуда «аз кардаи худ сахт пушаймон» гаштаанд.

Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, ки «бо имзои қонуни афв ба шахсоне, ки аз ҷинояти содиркардаашон сахт пушаймон шудаанд, имкон медиҳем, то гуноҳи худро бо меҳнати ҳалол ҷуброн кунанд ва дар рушди кишварамон фаъолона иштирок намоянд».

Бояд гуфт, ки президенти Туркманистон ҳамасола бахшида ба ид ва ҷашнҳои давлатӣ маҳбусонро афв мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.