Умари Темур чаро кампайдост? Суруд надорад ё фаромӯш шудааст?

Имрӯз ҳунарманди маъруфи тоҷик Умари Темур, ки зиёдтар аз ҳама миёни мардуми мо бо сурудҳои наътӣ шуҳратёр аст зодрӯз дорад.  Ин овозхон, муҳаққиқ ва ғижжакнавози тоҷик 8 январ 68 сола шуд.

Умари Темур дар суҳбати кутоҳ бо сомонаи pressa.tj дар бобати ба ин солҳои наздик пайдо нашуданаш дар саҳнаҳои калон, хусусан дар шабакаҳои телевизионӣ гуфт:

— Ростӣ сабаби ягонаи ба телевизионҳо даъват накардану пахш нагардидани сурудҳоямро намедонам, мумкин аз муд баромада бошем, вале тахминан  маро зиёда аз як сол пеш дар барномаи телевизионие даъват карда буданд, ки он ҷо дар бораи Иқболи Лоҳурӣ ва Соиб Табрезӣ гуфтугӯи хос доштем.

Ин сарояндаи тоҷик то чанд соли қабл дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маъруфтарин овозхонҳои сурудҳои мазҳабӣ эътироф шуда буд, вале бо сабабҳои ёд накардану қадри бузургонро надонистан солҳост рӯйи саҳна нест.

Умари Темур тақрибан аз соли 2003 то соли 2014 ба ҳайси устод дар Консерваторияи Миллӣ фаъолият мекард ва ҳамчунин дар мавзӯи «Нақши ғижжак дар мусиқии суннатӣ» рисола менавишт ва ӯ дар ин хусус гуфт:

— Мутаассифона, рисолаи илмии ман нотамом монд, зеро аз як тараф баромадан ба нафақа ва аз ҷониби дигар мушкилоти зиндагӣ сабаб шуданд, ки кор ба охир нарасад.

Пеш аз оне ки бо устод мо тамос бигирем аз чанде дӯстон сабаби кампайдо буданашро пурсидем ва ҳамагӣ як ҷавоб гуфтанд:

— Суруди нав надорад!

 Вале худи Умари Темур ин суханро рад карда, изҳор дошт:

— Ман ҳоло хело сурудҳои нав дорам, вале ба ҳеҷ маҳфилу телевизионе даъват намешавем, ки онҳоро ба аудитория расонем.

Умари Темур дар мавриди ҳоло дар чӣ кору пайкор буданаш чунин гуфт:

— Шукри Худо сиҳату саломат ва ба по рост ҳастам. Ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси устод кор карда истодааст.

Дар Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он Умари Темурро бо сурудҳои “Дило назди касе биншин..,”, “Хиёнат макун”, “Ё раб” ва ғайраҳо мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Сурудҳои наътӣ дар Рашту Хатлон бо оҳанги махсусу забони содаю равон одатан дар ёдбуди ягон шахси бузург ё имомону шайхҳои шаҳид ва баъзан дар сӯрҳои арӯсӣ барои гурӯҳи хурди мардум суруда мешавад.

P.S: Биёед, шахсиятҳоямонро дар вақти зинда буданашон қадр кунем ва  гулу гулдаста, мукофоту ҷоиза, мақолаву очерку мусоҳиба ва шабҳои эҷодиеро, ки пас аз маргашон дар нақша дорем, имрӯз амалӣ кунем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *