Умри  мунаққиди ашаддии Лукашенко ба поён расид

Аввалин президенти Белоруси мустақил Станислау Шушкевич даргузашт.

 Дар ин бора ба хабаргузории Еврорадио ҳамсараш Ирина хабар додааст. Марги сиёсатмадор  шаби 4 май  даррасид. Нахустин президенти Белоруси соҳибистиқлол ва яке аз муаллифони созишномаҳои Беловеж дар синни 88-солагӣ бар асари гирифторӣ ба бемории Ковид-19 даргузашт.

Шушкевич чанд муддат дар реаниматсия буд. Бояд гуфт, ки Шушкевич сарвари феълии давлат Александр Лукашенкоро шадидан интиқод кард. Дар натиҷа, дар китобҳои нави дарсии таърихи Белорус барои мактабҳои синфи 11 ҳатто дар бораи раҳбари аввали кишвар пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ёдоварӣ нашудааст. Аламовар он аст , ки гӯиё Шушкевич тамоман вуҷуд надошт.

Лукашенко Беларусро ба «миллати асир» табдил дод. Мо асирем. Ӯ бо таблиғ шаҳрвандонро аз арзишҳо дур мекунад», — гуфт Шушкевич. Шушкевич боварӣ дошт, ки дар Белоруссия имруза аз СССР дида бадтар аст. Нақши асосиро дар наҷоти режими Александр Лукашенко дар соли 2020, ба гуфтаи Шушкевич, Русия бозидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.