Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)
ДАР СУҲБАТИ МУҚАДДАС ИСКАНДАРОВ
Рӯзи дигар бо дили пуризтироб ба бинои нашриёти “Маориф” даромадам. Зинапояро баромадам. Дари утоқи сармуҳаррир боз буд. Бо эҳтиёт дарун даромадам.
Муқаддас Искандаров марде буд сафедчеҳра, миёнақад, бо пешонаи пур аз меҳрубонӣ. Ӯ сари миз менишаст, вале на бо тавозуъ, балки бо вазни сухан, бо шукӯҳи касе, ки солҳо боз бо сухан кор мекунад.

Бо эҳтиром салом додам. Ӯ сар боло кард, аз сар то ба по маро аз назар гузаронид ва ба нишастан ишора кард.
– Хуш омадед. Шумо ҳамон ҷавонед, ки Муродуллоҳ тавсия дод?
– Бале.
Сипас, суҳбати тӯлонӣ оғоз ёфт. Ӯ на танҳо мепурсид, балки бо нигоҳаш вуҷуди маро чун рентген наззора мекард. Чӣ гуна гап мезадам, чӣ гуна нигоҳ мекардам, калимаҳоям чӣ таъм доранд, ҳамаашро месанҷид.
– Кадом факултаро хатм кардед?,- пурсид бо лаҳни орому тадқиқомез.
– Факултаи филологияи Университетро.
Нигоҳи ӯ як лаҳза равшан шуд, пас бо лабханд гуфт:
– Дар ҳамин факулта ҳамсари ман Мукаррама Набиевна кор мекунанд.
Баъд ором, гӯё бо худ суҳбат мекард, афзуд:
– Ин шаб дар бораи шумо маълумот мегирам. Пагоҳ ба хулоса меоям…
Ман бо эҳсоси омехтаи умеду интизорӣ, бо диле, ки ба тапиданаш шиддат дошт, аз утоқ баромадам. Он рӯз фаҳмидам: гоҳе роҳе, ки бо як салом оғоз мешавад, бо як хулосаи одами дуруст боз мешавад.
Рӯзи дигар маро чӣ интизор аст? Диламро гургон тала доштанд. Шаб хоб аз дидаам парида буд.
ИМТИҲОН ДАР ПАСИ ДАРИ БАСТА

Бо Ӯктам Абдуллоевич ба утоқи дигар гузаштем. Утоқ, ки бештар ба ҳуҷраи бозпурсӣ мемонд, холӣ ва камҷиҳоз буд. Танҳо як мизи корӣ ва курсие дар гӯшаи он меистод. Деворҳо хомӯш, тирезаҳо пӯшида, фазо пур аз оромии печидае буд, ки гӯё интизории як имтиҳони ноаёнро мекашид.
Ӯ бо ишораи кӯтоҳ маро ба нишастан даъват кард. Худаш чанд лаҳза ором монд, сипас рӯи миз, ки то он дам холӣ буд, чанд чиз гузошт. Дуруст дар ёдам нест: шояд 15 ё 20 варақи сафед, як китобчаи тунук, бо номи «Лаъли Бадахшон» ва ду варақи чопшуда ба забони русӣ.
Сипас гуфт:
– Шумо се супориш иҷро мекунед. Аввал, тарҷумаи ҳоли худро ба таври муфассал дар як варақ нависед. Дуюм, ин ду варақ матни русиро ба тоҷикӣ тарҷума кунед. Сеюм, ба ин китобча тақриз нависед. Вақт – се соат.
Ӯ ба соаташ нигоҳ кард ва табассуме намуд – табассуме, ки танҳо хоси ӯ буд. Ман низ ба соати деворӣ дида дӯхтам. Ақрабаки соат хомӯшона ҳаракат дошт, гӯё маро водор мекард, ки тараддуд намоям.
– Ҳар се супоришро дар ҳамин ҷо, дар ҳамин муҳит менависед. Саросема нашавед,- гуфт Ӯктам Абдуллоевич ва дарро оромона аз берун баст.
Оромӣ. Сукути шикастнопазир. Танҳо ман, миз, коғаз ва се соат.
Навиштани тарҷумаи ҳол барои ман мушкил набуд, каму беш таҷриба доштам, медонистам чӣ бояд гуфт ва чӣ бояд нагуфт. Тарҷумаи матни русӣ низ, бо вуҷуди набуди таҷрибаи касбӣ, он қадар душвор набуд. Аммо тақриз – ҳамин қисмат дили маро ба таҳлука меовард. Он замон на телефони мобилӣ буд, ки чизеро биҷӯям, на компютере, ки андешаҳоро ба таври фаврӣ танзим кунам. Танҳо ман будаму қалам ва дунёи хаёлотам.
Аввал аз матни русӣ оғоз кардам, онро бодиққат, бо эҳтиёт ва ба забони фаҳмои тоҷикӣ тарҷума кардам. Пас, ба навиштани тарҷумаи ҳол гузаштам.
Дар ниҳоят, китобчаи тунук – «Лаъли Бадахшон»-ро, ки тақрибан 30-40 саҳифа дошт, ба даст гирифтам. Ибтидо сарсарӣ мутолиа кардам, то тасаввури умумӣ пайдо кунам. Сипас дубора, бодиққат хондам, нуктаҳои муҳимро дар ҳошия қайд кардам, зерашон хат кашидам. Он гоҳ варақҳоро пеш кашидам ва ба навиштани тақриз оғоз намудам.
Бо вуҷуди шитоб, мекӯшидам, ки тарзи баёнам фаҳмо, мантиқӣ ва таҳлилӣ бошад. Аммо ёдам ҳаст, ки дар китобча камбудиҳо ҷой доштанд: дар имло, дар услуб, дар сохтмони ҷумлаҳо ва дар баъзе мавридҳо тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ боқӣ монда буд.
Се соат ба назарам чун як миҷа задан гузашт.
Ӯктам Абдуллоевич, баробари анҷом ёфтани муҳлати муқарраршуда, вориди утоқ шуд. Коғазҳоро оромона аз дасти ман гирифт ва гуфт:
– Фардо соати 10 ба утоқи ман биё.
Ман низ аз паси ӯ берун шудам. Дар паси дари бозмонда лаҳзае хомӯш мондам. Фаҳмидам: шояд, дари дигаре дар зиндагӣ маро интизор аст, то бо калиди заҳмат онро кушоям.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ