Варзишгарони ДМТ дар як сол 252 медал ба даст овардаанд

Дар соли таҳсили 2022-2023 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, 252 медал ба даст овардаанд.

Дар ин бора Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Умуман, дар донишгоҳи мо 270 нафар варзишгарон таҳсил мекунанд. Онҳо соли равон дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, 252 медал ба даст оварданд, аз ҷумла, 65 тилло, 104 нуқра, 83 биринҷӣ»,- гуфт номбурда.

Ба иттилои ректори ДМТ, аз 252 медал 103 медал ба бонувону духтарон ва 149 медал ба ҷавонписарон тааллуқ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *