Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи Самарқанд ширкат мекунанд

Се рўз, аз 23 то 25-уми сентябр, беҳтарин варзишгарон дар Самарқанд ҷамъ мешаванд. Варзишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои медалҳои чемпионати кишварҳои ин минтақа мубориза мебаранд.

Рўйхати пешакии ширкаткунандагони мусобиқаҳо нашр шудааст. Аз рўи ин маълумот аз Тоҷикистон дар мусобиқаи варзиши сабуки Самарқанди Ӯзбекистон 15 нафар варзишгар иштирок мекунанд.

Мусобиқа дар варзишгоҳи навтаъсиси КОР, ки ҳоло номи «Афросиёб Арена»-ро дорад, баргузор мешавад. Дар он дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, инчунин варзишгарон аз Филиппин, Таиланд ва Малайзия ширкат мекунанд.

Қаблан дар Тоҷикистон Гран-прии варзиши сабук баргузор шуда буд. Имсол аз рўи ҷамъбасти се мусобиқа байни мардон якум Илдар Ахмадиев (дарозӣ, 3085 хол), дуюм Фаворис Музрапов (100 м, 2803 хол), сеюм Салим Саидалиев (баландӣ, 2777 хол) шуданд.

Дар байни занон аввал Жасмин Розиқова (дарозӣ, 2218 хол) ва дуюм Диана Абдуллоева (100 м, 2203 хол) шуданд. Ҷойи сеюм насиби Азиза Риоева (400 м/с, 2077 хол) гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *