Вазир: Эрону Тоҷикистон як ҷон дар ду тананд (аудио)

Дар Тоҷикистон давоми 4 рӯз Рӯзҳои фарҳангии Эрон баргузор гардид.

Дар ҳошияи чорабинҳои фарҳангӣ Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар маҳфили адабии шоирони Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки аҳли фарҳангу адаб набояд иҷоза диҳанд, то байнашон фосила эҷод шавад.

Ӯ шоми 1-уми ноябр зимни баромади худ гуфт, ки “ҳамбастагии кишварҳои Эрону Тоҷикистон ба мисли як ҷон дар ду тан аст ва забони мо гувоҳи исботи ин гуфтаҳост. Фарҳанги форсӣ густурдатар аз маҳдудаи ҷуғрофиёӣ аст ва забони форсӣ моро ба ҳамдигар мепайвандад. Пас, шоирон созандаи ҳувияти муштарак дар Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳастанд”.

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ таъкид дошт, ки “аҳли фарҳанги се кишвари ҳамзабон набояд аз ҳам фосила дошта бошанд ва шаҳодатномаи хатчанопазири таърихиро ҳифз намоянд”.

Вазири фарҳангу иршоди Эрон барои тақвияти гуфтаҳояш хабар дод, ки китоби ашъори 30 шоири муосири тоҷик дар Эрон нашр мешавад ва дар китобхонаи бузурги “Боби китоб”-и ин кишвар барои мутолиа пешкаш мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *