Вазир: Тоҷикистон ба муаллимони забони русӣ ниёз дорад

Вазири маорифи Тоҷикистон дар мактабҳои кишвар ба муаллимони соҳибихтисоси забон ва адабиёти рус талабот зиёд аст.

Ба гуфтаи Нуриддин Саид, феълан дар мактабҳои Тоҷикистон танҳо 7288 муаллими забон ва адабиёти рус, ки маълумоти олӣ доранд, фаъолият мекунанд.

Вазири маориф гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон  тасмим гирифтааст, мактабҳои бештари русӣ бунёд карда ва муаллимони соҳибихтисосро аз Русия даъват кунад.

Аз моҳи сентябри соли 2018 нахустин гурӯҳи 48-нафараи муаллимон аз манотиқи мухталифи Русия ба Тоҷикистон даъват шуданд.

Онҳо дар 20 мактаби миёнаи Тоҷикистон дар муддати як сол фаъолият карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *