Вазири маориф: Ҷойи нишаст намерасад. Умедворем, ки Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад

17-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли доир гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Бонки ҷаҳонӣ дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, зимни суҳбат Р. Саидзода — вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои судманди ҷойдошта ёдовар шуда, иброз доштааст, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 20 сол боз бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ҷиҳати рушди соҳаи маориф як қатор корҳои судмандро анҷом додааст, ки лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ, таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз зумраи онҳост.

— Бо вуҷуди корҳои анҷомдодаистода ҳанӯз ҳам чанд мушкилоте ҷой доранд, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат намуд ва яке аз ин мушкилот бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ мебошад ва умедворем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар бунёду таҷдиди муассисаҳои нави таълимии замонавӣ моро дастгирӣ хоҳад кард. Айни замон муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёд аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳо аст. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти номбаршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида истодааст ва ба бахши хусусӣ тамоми имтиёзҳо дода шуда, ҳамкорию дастгирии шарикони рушд низ назаррас аст,- зикр кардааст вазир.

Озан Севимли — намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар низоми кории Бонки ҷаҳонӣ инсон сармояи асосӣ ба ҳисоб меравад ва маорифро яке аз сутунҳои асосии ин сармоя меҳисобанд. Ҳамзамон, таъкид намудааст, ки аҳамияти сармоягузорӣ ба сармояи инсон дар сандуқи чорабиниҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, афзуда истодааст. “Айни ҳол мо дар таҳияи лоиҳаи ҷадид қарор дорем ва ҳангоми он ки мо бо намояндагони вазорат ҳамкории зичро дар роҳи таҳияи ин лоиҳа ба роҳ монем, мехоҳем, ки лоиҳаи мазкур ба афзалиятҳо ва ҳадафҳои стратегии шумо низ мувофиқат намояд”,- афзудааст ӯ.

— Лоиҳае, ки мо бо намояндагони соҳаи маориф таҳия карда истодаем, “Муҳити омӯзиш заминаи таҳсилоти босифат” унвон дорад ва лоиҳаи мазкур сандуқи 50 млн долларро дар бар мегирад. Лоиҳаи зикргадида ба такмил ва тақвияти сифат ва устуворӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Гуруҳҳои кории ҳарду ҷониб корро ба таври мунтазам бурда истодаанд, то ин ки лоиҳаро барои тасдиқ ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн ва ё июли соли 2022 пешниҳод намоянд. Айни замон лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” хуб пеш рафта истодааст ва як чорабиние, ки боқӣ мондааст, дар ҳоли амалӣ гардонидани он ҳастем. Нисбати лоиҳаи “Рушди бармаҳали кӯдак” бояд гуфт, ки ин лоиҳа аллакай фаъолияти худро оғоз кардааст ва айни ҳол мо таъсири онро мушоҳида карда истодаем,- зимни суҳбати онлайнӣ қайд кардааст Ҳари Патронис — роҳбари амалияҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо.

— Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.