Аз фурӯши чиптаҳои театру кино то санҷишҳои ғайрисоҳавӣ. Вазири маориф дар Ваҳдат боз чиро дид? (10 акс)

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ аз сафари ногаҳонии вазир Раҳим Саидзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Мундариҷаи сафари вазир ба шаҳри Ваҳдат — ин шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, ҳолати физикии муассисаи таълимӣ, проблемаву мушкилоти омӯзгорону хонандагон гуфта мешавад.

Вазир пас аз шиносоӣ ва суҳбат ба синфҳои 1, 3, 10 ва 11 бо омӯзгорони муассисаи таълими суҳбати озод намуд. Ва ба гуфти худаш, мақсадаш аз чунин суҳбат огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина, ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳо аст.

Омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур дар навбати худ доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгори фанни забони англисӣ, таъмирталаб будани муассиса, фурӯши билетҳои киною театр ва китобҳои гуногун, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ ва ғайра таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.

Вазири маориф ва илм аз муовини раиси шаҳр ва сардори раёсати маориф дархост кард, ки ҷиҳати аз таъмири капиталӣ баровардани муассиса, аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани муассиса бо омӯзгори фанни забони англисӣ, дар ҳамкорӣ бо Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии вазорат таъмин намудани хонандагон бо китобҳои дарсӣ, манъи фурӯши ҳамагуна китобҳои ғайрисоҳавӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб нагардидани омӯзгорон ба ҷамъоварии маблағ барои фурӯши билетҳои киною театр ва амсоли инҳо чораҳои дахлдор андешанд.

Бояд зикр кард, ки муассиса аз 3 бинои таълимӣ иборат буда, солҳои 1919, 1929 ва 1971 сохта шуда, айни замон 1241 хонанда дар 2 баст ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар муассиса 46 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд, ки аз онҳо 42 нафар бо таҳсилоти олӣ, 2 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 2 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *