Вазири маорифро дар Бразилия ғорат карданд

   Вазири маорифро, ки ба Бозиҳои ХХХI тобистонаи Бразилия рафта буд дар яке аз кӯчаҳои Рио-де-Жанейро ғорат карданд. Дар ин бора интернет-газетаи АВС-и Испания хабар додааст. Вазири маорифи Португалия Тиагу Брандао Родригеш тасдиқ кард, ки яке аз сокинони маҳаллӣ ба бо корд таҳдид карда ,маблағ, телефони мобилӣ ва портфелашро талаб карда гирифтааст. Ғоратгар мехост фирор кунад, вале кормандони пулис ӯро ҳамон лаҳза дастгир намуданд.

 -Ин як ҳолати ногувор буд, вале аз он ёд намекунем, ҳоло аз ҳавои идонаи Олимпиада бояд ҷону тан роҳат кунад-гуфтааст Тиагу Брандао Родригеш .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *