Вазорат: Қабули кӯдакон ба синфи 1 ройгон аст!
Аз 1-уми август дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад.
Ба синфи ибтидоӣ онҳое пазируфта мешаванд, ки то охири соли 2016 таваллуд шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм Наврӯзи Мирзо мегӯяд, ки “ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯдакон ба синфи якум ройгон қабул карда мешаванд. Дар ҳолати аз ҷониби масъулин талаб намудани маблағ волидайн метавонанд ба рақами боварии Вазорати маориф ва илм — 227 76 86 занг зада, шикоят кунанд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ