Вазорати маориф ва илм: 1-уми апрел ҳама ба дарс

Дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон тибқи барномаи таълим аз 1 апрел оғоз мешавад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло тағйироте дар ҷадвали дарсҳо ворид нашудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237» чоряки сеюм дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ аз 11 январ то 20 март идома ёфта, аз 21 март то 31 март таътили баҳорӣ эълон шудааст ва чоряки чорум аз 1 апрел оғоз меёбад. ОВ Дар кишварҳои дигари минтақа ва ҳам ИДМ, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, макотиб таътил шуда, ҳатто бархе шаҳрҳо дар карантин қарор доранд. Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 дар дунё ба ҳолати 27 март беш аз 532 ҳазор нафарро ташкил дода, зиёда аз 24 ҳазор нафар фавтидаанду 124 ҳазор нафар сиҳат ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *