Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)

Саҳнаи хомӯшӣ: Рӯзи марги Аҳмад Зоҳир

Он рӯз ман дар Кобул будам. Шаҳр пурташаннуҷ, аммо зиндагӣ дар микрорайон чун ҳамеша бо як оромии қалбакӣ ҷараён дошт. Бо Муродуллоҳ Шерализода, Умриқул Ҳақбердиев, Бурҳон Ғанӣ, Расул Хуршед (дӯстам Холиқбердӣ) ва Қурбоналӣ Хӯҷамов сайругашт мекардем. Қурбоналӣ зоҳиран ба овозхони маъруфи афғон Мададӣ монандӣ дошт. Аз ин рӯ, мо бо ҳазлу шӯхӣ ӯро “Мададӣ” меномидем.

Ҳангоми роҳравӣ аз паҳлуи мо ду бонуи афғон гузаштанд. Яке ба дигарӣ бо тааҷҷуб гуфт:
– Ин Мададӣ нест, ки ҳоло аз телевизион суруд мехонд? Бингар, ки акнун дар кӯча мегардад…
Мо бо шунидани ин сухан хандидем ва бо хурсандӣ роҳро идома додем.

Он замон дар Афғонистон марз миёни саҳна ва соя, миёни шуҳрату фаромӯшӣ, миёни зинда мондану кушта шудан хеле борик ва хатарнок буд. Мо ба охири микрорайон – кӯпруке, ки роҳро ба самти фурудгоҳ мепайваст, расидем. Ногоҳ садои серенаи мошинҳои полис баланд шуд. Мошинҳо яке паси дигар, бо бонги изтироб мегузаштанд. Мо ба якдигар нигоҳ кардем – бехабар аз он ки ҳамон лаҳза як саҳифа аз китоби таърих канда шуда буд:

Аҳмад Зоҳир дигар нест.

Он шаб фаҳмидем, ки мегуфтаанд: ӯ дар садамаи мошин дар ағбаи Саланг ҷон додааст. Аммо қалби Кобул инро намепазируфт. Шаҳр дар андуҳ нишаста буд, хомӯшии сангин бар фазо овезон гашта буд.

Рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанозаи Аҳмад баргузор мешавад. Ҳазорҳо мардону занон, пиру ҷавон рӯи масҷид ва хиёбонҳо рехтанд. Бори аввал дар таърихи Афғонистон буд, ки ҳазорон зан пушти тобути як мард роҳ мерафтанд. Ин танҳо мотами як инсон набуд, мотами як миллат, як ормон, як овоз буд.

Онҳое, ки ҷасадро диданд, гуфтанд:

– Дар тарафи чапи сараш нишони тир буд…

Падараш Абдул Зоҳир, собиқ сарвазири Афғонистон, бо чашмони ашкбор дар ҷаноза гуфт:

– Дар сари писари ман нишони садама не, нишони тир буд.

Фарзанди Аҳмад Зоҳир – Ришод Зоҳир, баъдтар нақл кард, ки пас аз ҷаноза масъулони ҳукумат ба хонаашон омада, гуфтаанд:

– Саволҳои зиёдатӣ надиҳед. Ба расонаҳо наравед. Хомӯш бошед.

Ҳама медонистанд: Аҳмад Зоҳирро ба маҳфиле даъват мекунанд, ки ба ифтихори Ҳафизуллоҳ Амин ороста шуда буд. Аммо ӯ иштирок дар он маҳфилро қабул намекунад. Ва ин рад кардан барои диктаторе чун Амин ҷиноят ҳисоб меёфт. Шахсе, ки ҳатто устодаш Нурмуҳаммад Таракиро кушта буд, чӣ гуна метавонист як ҳофизи озодандешро таҳаммул кунад?

Аҳмад Зоҳир овози миллат буд. Садояш муҳаббат, дард, озодӣ, зебоӣ ва нафрати ниҳонӣ ба зулмро бозгӯ мекард. Ва ҳамин буд, ки он овоз ба таҳдиде барои як режими тарсафкани золим табдил ёфт.

Ҳукумати Амин ин фоҷиаро бо як изҳороти кутоҳ баён кард: “Садамаи нақлиётӣ дар нақби Саланг”.

Аммо мардум ин суханро қабул надоштанд. Ба гуфти рӯзноманигорони хориҷӣ ва шоҳидон, мошин ягон осебе надида буд. Ва ҳамин буд, ки ҳама оҳиста-оҳиста ба як ҳақиқат расиданд:
Ин садама набуд, куштор буд.

4-уми июни соли 1979 Аҳмад Зоҳир зодрӯз дошт. Ӯ ба синни 33 расида буд. Ӯро дар рӯзи мавлудаш куштанд.

Кашӣ ҷабре, ки бо устод кардӣ

27-уми декабри соли 1979. Кобул дар остонаи шаби тира ва ҷонкоҳ. Қасри Доруламон – манзили расмии Амин зери посбонии сахти неруҳои вижаи афғон ва қаторе аз элитаи Кумитаи марказии ҲХДА қарор дошт. Амин – раҳбари камтаҷриба, вале сердаъво – бо сари шӯрида дар маркази як дуди ғафс аз тааммули ҷаҳонӣ, тавтиа ва нобоварӣ қарор дошт. Ӯ гӯё мехост дар як шабонарӯз Афғонистонро дигар кунад, вале на бо мағзи ором, балки бо силоҳ ва шиканҷа. Ба ҳар андеша, ба ҳар овоз, ба ҳар шахсияти мустақил ҳамчун душман менигарист. Мисли касе буд, ки дар оинаи сиёсат танҳо сояи худро мебинад – ва аз он ҳам метарсад. Ҳамин тарс, ҳамин шубҳа, ҳамин даъвоҳои беасос ӯро ба қатли дӯсту ҳамдаст, устоду фарҳангӣ, ҳатто миллаташ бурд. Аз ин рӯ, номаш дар таърих бо сардии тиру гармии хуни бегуноҳон дар як саф қарор гирифт.

Он субҳ, дар тахтаи стратегӣ як нукта аллакай бо қалами сиёҳ ишора шуда буд: “ҲАФИЗУЛЛОҲ АМИН БАРТАРФ ШАВАД!”.

Сарфи назар аз ҳама шеваҳои дипломатӣ, сиёсати Шуравӣ тасмим гирифт: барои нигоҳ доштани нуфуз, бояд раҳбари ноустувор ва хавфнок аз саҳна дур гардад. Ҳарчанд бо дасти худашон ба сари қудрат оварда буданд, дигар наметавонистанд хатарро таҳаммул кунанд.

Фоҷиаи Қасри Тоҷбек

Кобул. Шабе, ки заминаш аз садои танкҳо меларзид ва фазояш аз парвози чархболҳо торик менамуд. Шаҳр дар ҳолати интизорӣ буд, интизории як фоҷиаи ногузир.

Полковник Виктор Петрович Кузнеченков, духтури шахсии раиси ҷумҳур Ҳафизулло Амин ва сартерапевти госпитали низомии “400 бистар” баъди анҷоми навбатдорӣ, хаста ва пуртафаккур, дар хона назди мизи хӯрокхӯрӣ нишаста буд. Шаб ноором буд, аз дилаш ҳазор андеша мегузашт.

Вай ба ҳамсараш нигарист, бо он нигоҳе, ки гӯё мехост чизе бигӯяд, вале натавонист. Он нигоҳи пур аз андеша, пур аз огоҳии ноаён дар он шоми ғайриоддӣ буд. Ҳамсараш, ки дар хомӯшӣ хӯрок мехӯрд, нигоҳ аз дастархон бардошт, то посух диҳад. Ин дам Виктор ба сухан омад:

– Фақат як сигор… ва баъд мехобам.

Ӯ ба балкон баромад. Аз ошёнаи чорум ба шаҳри тира назар андохт. Бӯи барф меомад. Кобул бо ҳазорҳо тиреза ва дили пур аз тарс нафас мекашид. Дар паси андуҳи шаҳр торикӣ хуфта буд.

Ногаҳ садои тормози “уазик” ӯро аз андеша раҳо кард. Аз мошин сарҷарроҳи госпитал фаромад ва ба балкон нигариста, бо ишораи “поён биё” ҷониби Виктор даст гардонд.

Виктор зуд ба хона баргашт, либоси корияшро пӯшид ва ба ҳамсараш гуфт:

– Маратро хабар деҳ, омода шавад.

(Вай Муродуллоҳ Шерализодаро бо номи «Марат» ёд мекард).

Ҳамсараш ба ошёнаи якум фаромад, вале Марат дар хона набуд. Хосият, ҳамсари ӯ, бо хавотирӣ берун давид, то ӯро ёбад. Вале “уазик” интизор нашуд. Баробари савор шудани Виктор, мошин ба тарафи қасри Тоҷбек босуръат роҳ пеш гирифт.

– Ба Қасри Тоҷбек даъват карданд… Амин ва аҳли хонаводааш заҳролуд шудаанд,- гуфт сарҷарроҳ бо овози гирифта.

Дар мошин хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Танҳо чароғҳои сурхи гирду атроф мисли огоҳии нооромӣ миҷа мезаданд.

Ворид шудан ба Қасри Тоҷбек осон набуд. Дар паси ҳар дарахт – аскар, тӯп, танк. Дар фазо овози русӣ садо медод. Дигар аз “Дреш”-и маъмулӣ дараке набуд. Вақте духтурон иҷозаи ворид шудан гирифтанд, дарро боз карданд ва бо манзараи фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд.

Амин заҳролуд шуда буд. Танаш меларзид, рангаш сафеду чашмонаш пӯшида, пайваста қай мекард. Хонум ва духтаронаш низ дар ҳамин ҳолат буданд. Телефон хомӯш. Ҳеҷ иртиботе бо берун набуд.

Дар роҳрав нигоҳашон ба ҷасади афтода бархӯрд. Хонуму духтарони Амин бо чеҳраҳои парида, дар зинаҳо нишаста буданд. Аз чашмонашон ашк ҷорӣ буд.

Амин бо азоб нафас мегирифт. Лабонаш парсинбаста, чашмонаш беҳаракат. Виктор Петрович ва Алексеев фавран даст ба табобат заданд. Онҳо медонистанд, ки Амин марди қавист, ҷисмаш тобовар аст.

Аминро ба ташноб бурданд, меъдаашро шустанд. Зонд, сӯзандору, ҳама таҷрибаи як табиби воқеӣ ба кор даромад. Ба рагҳояш беист дору мерехтанд.

Муъҷиза. Амин чашм кушод. Аввалин касе, ки дид, Виктор буд. Дар лабонаш табассум ва дар чеҳрааш шодӣ ҳувайдо гашт.

Ногаҳон садои гиря. Писари хурдии Амин, ки дар гӯшае пинҳон шуда буд, ба гиря даромад. Амин бо сӯзандору дар бадан аз кати хоб боло шуд ва қадам ба сӯи фарзандаш гузошт. Ӯро ба оғӯш гирифт, сарашро сила кард.

Виктор, ки аз пас менигарист, нафаси сабук кашид:

– Шукр, ки наҷот ёфт…

Аммо ин шукр бармаҳал буд.

Садои тир. Боз тирпарронӣ. Дари қаср бо зарбаи сахт кушода шуд. Гурӯҳе дар тан либоси аскарии афғонӣ, вале дар чеҳра ғайри афғон ба утоқи хоби Амин ворид шуданд. Дастур садо дод:

– Ба замин!

Борони тир борид. Амин ба замин афтод. Виктор бо дили ларзон ба тарафи ӯ шитофт… Тири аввал, пас дуюм. Виктор дигар аз ҷой нахест.

– Ба мурдаҳо кор нагиред! Танҳо маҷруҳонро бор кунед!,- амр дод як сарбоз.

Алексеев, ки паси дар пинҳон шуда буд, ба назди Виктор давид:

– Ӯ ҳанӯз зинда аст! Танҳо захмӣ…

Аммо ин дурӯғ буд. Дурӯғе, ки аз муҳаббат гуфта шуд, то ҷасади ҳамкасбашро берун кашад.

Виктор Петровичро ба мошини зиреҳпӯш бор карданд. Вале ӯ зинда набуд. Либоси сафеди табибиаш ба парчами хунолуд табдил ёфта буд.

Аввалин қурбониёни ҳамла ба Қасри Тоҷбек:

– Полковник Виктор Кузнеченков, табибе, ки ҷонашро барои наҷоти инсон қурбон кард.

– Полковник Бояринов, фармондеҳи амалиёт, ки барои иҷрои амр ҷон дод.

Яке бо садоқат ба қасами касбӣ, дигаре бо итоат ба амри давлатӣ.

Бояринов пас аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гирифт. Кузнеченков барои садоқат ба қарзи касбӣ бо Ордени Ситораи Сурх қадрдонӣ шуд.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *