ВКД: Ошкори 67 ҷинояти муташаккил
Соли 2024 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 90 нафар барои содир намудани 67 ҷиноят ошкор гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, террористию экстремистӣ, гардиши маводи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва таъмини тартибот яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор мераванд»,-иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Аз ин рӯ, дар соли сипаришуда 343 силоҳи оташфишон мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 27 адад зиёд аст.
Дар маҷмуъ, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ соли сипаришуда 11 ҳазору 59 ҷиноят сабт шуда, ошкоршавии ин ҷиноятҳо 84,7 фоизро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ