Вокуниши Русия ба нотаи Тоҷикистон дар робита ба қатли навраси тоҷик
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба қатли навраси 10-солаи тоҷик дар пайи ҳамла ба мактабе дар шаҳри Одинсовои вилояти Маскав ба Тоҷикистон ва пайвандони ҷабрдида изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Ин вазорат тасдиқ намудааст, ки нотаи ҷониби Тоҷикистонро дар робита ба ин ҳодиса дарёфт карда, ба Кумитаи тафтишотӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия дархостҳои расмӣ ирсол намудааст, то тамоми ҷузъиёти воқеаро ошкор намуда, ба ҷониби Тоҷикистон кумаки зарурӣ расонанд.
Ба иттилои ВКХ-и Русия, ҷониби Русия барои анҷом додани тафтишоти ҳамаҷониба, беғаразона ва холисона тамоми чораҳои лозимро меандешад.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштааст, ки Русия ва Тоҷикистон дар доираи шарикии стратегӣ бар пояи принсипи дастгирии мутақобила амал хоҳанд кард.
Ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки ҳаёти ҳар як инсон, новобаста аз шаҳрвандӣ ё миллат, дорои арзиши олӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ