Вокунуши Сафорати Чин дар Тоҷикистон дар пайи кушта шудани 5 шаҳрвандаш дар марзи Тоҷикистон
Дар пайи кушта шудани 5 шаҳрванди Чин дар минтақаи марзии Тоҷикистон, Го Чжизюн, сафири Чин дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва Фарҳод Камолзода, муовини аввали раиси КДАМ “ба таври фаврӣ” тамос гирифтааст.
Ба иттилои Сафорати Чин, намояндаи дипломатии ин кишвар аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини амнияти корхонаҳо ва шаҳрвандони чинӣ “ҳамаи чораҳои заруриро андешанд”.
Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон “ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шаҳрвандони Чинро ба шиддат маҳкум карда”, гуфтааст, ки “ба талаботи ҷониби Чин аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва чораҳои амниятиро фавран тақвият хоҳад дод, то амнияти корхонаҳо ва шаҳрвандони чинӣ ба таври комил ҳифз гардад”.
Ёдовар мешавем,ки дар як ҳафтаи охир ду ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки ба иттилои расмӣ, дар пайи он 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ