Walt Disney: даромади беш аз $10 миллиард дар як сол

Киностудияи машҳури Walt Disney соли ҷорӣ аз намоиши филмҳо беш аз 10 миллиард доллар даромад ёфт.

 Ин ширкати машҳури амрикоӣ баъди намоиши филми тасвирии   “Яхзада 2” (Frozen 2) беш аз 1 миллиард доллар даромад гирифт.

Бино ба маълумоти MarketWatch, киностудияи Walt Disney рекорди соли 2016-ро нав намуда рекорди ҷадид гузошт ва нахустин киностудияе шуд, ки дар як сол беш аз 10 миллиард доллар даромад гирифтааст.

Натиҷаи аз ҳама беҳтари ин ширкат соли 2016 маҳсуб меёфт, ки аз намоиши филмҳо дар ин сол Walt Disney 7,6 миллиард доллар даромади соф ба даст оварда буд.

Имсол Walt Disney аз намоиши ҳар кадоми ин филмҳо  ба мисли “Яхзада 2”, “Қасоскорон: Поён”, “Шоҳ Шер”, “Капитан Марвел”, “Алоуддин” ва “Таърихи бозичаҳо 4” беш аз 1 миллиард доллар даромад гирифтааст, ки дар таърихи киностидия бесобиқа унвон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Walt Disney моҳи марти соли оянда намоиши филми “Мулан”, моҳи май “Беваи сиёҳ” (Black Widow) ва моҳи июл “Саёҳат дар ҷангалро”-ро (Jungle Cruise) ба намоиш хоҳад гузошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.