Як қадам то депорт. Русия чӣ гуна мушкилоти муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳал мекунад?

То анҷоми замони «афв» — и муҳоҷирон рӯзҳои башумор боқӣ монд. Мақомоти Русия хотиррасон мекунад: шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд будубоши худро то 15 июн қонунӣ кунанд. Дар акси ҳол, онҳо депорт карда мешаванд.

Ҳеҷ кас намехоҳад қонунро вайрон кунад

Агар пеш аз пандемия дар Русия, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, тақрибан 11 миллион муҳоҷир будааст, то охири соли 2020 шумораи онҳо ба 6 миллион нафар коҳиш ёфт. Аммо, на ҳама иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё ВНЖ доштанд.

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилӣ, танҳо 1,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ патент (ҳуҷҷате, ки барои шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид барои кор ҳатмӣ аст) додаанд ва 85 ҳазор нафар иҷозатномаи кор (барои шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми раводид ), гирифтаанд.

Ҳамчунин 508 ҳазор муҳоҷири дигар, шаҳрвандони кишварҳои ИИАО буданд, аз ин рӯ онҳо дар Русия дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ё ҳуқуқии шаҳрвандӣ қарор доштанд.

Теъдоди боқимонда — беш аз 4 миллион нафар — дар Вазорати корҳои дохилӣ сабти ном нашудаанд. На ҳамаи онҳо ғайриқонунӣ мебошанд — баъзе хориҷиён дар вақти ҷамъоварии омор иҷозатномаи истиқомат ё ягон ҳуҷҷати дигарро омода мекарданд ва аз ин рӯ ба ҳисобот дохил карда нашуданд.

Бо вуҷуди ин, шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ назаррас боқӣ мондааст. Масалан, тибқи маълумоти моҳи апрели соли равон, тақрибан 200 ҳазор нафар шаҳрванди Ӯзбекистон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ будаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) умедворанд, ки то 15 июн ин рақамҳо ба ҳадди ақал коҳиш дода мешаванд. Фармони Президенти Русия дар бораи шартҳо ва тартиби будубоши хориҷиён, ки дар доираи он мораторий амал мекунад, ба муҳоҷирони зиёде кумак кард, гуфт Абдусаттор Эсоев, директори Дафтари СБМ дар Маскав.

«Агар ин фармон намебуд, буду боши мардум ғайриқонунӣ мешуд. Ва ҳеҷ кас намехост қонунро вайрон кунад. Вазъият одамонро маҷбур мекунад, ки ғайриқонунӣ шаванд», — гуфт ӯ дар конфронси «Русия ва мушкилоти муҳоҷирати замони мо».

Мушкили надонистани забон

Бо вуҷуди ҷорӣ шудани мораторий, аксари муҳоҷирон дар лаҳзаҳои охир сабти ном мешаванд, мегӯяд Дмитрий Демиденко, муовини сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия.

Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ мекунанд ва ҳоло Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург бо вуруди азими хориҷиён ба хадамоти муҳоҷират рӯ ба рӯ шудааст.

«Азбаски 15 июн наздик аст ва мо чун ҳамеша: дар тӯли якуним соли фармон, мардум намехостанд, мушкилашонро ҳал кунанд. Ҳоло шумораи дархостҳо афзоиш ёфтааст. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки аз уҳдаи ингуна сарборӣ бароем. Ин наонқадар мушкилоти бузург аст. Асосан субҳгоҳон мардум зиёд мешавад, пас аз зӯҳр касеро намеёбед. Ба андешаи ман, дар ин масъала корҳои фаҳмондадиҳӣ кифоя нест», — гуфт Демиденко.

Намояндаи СБМ бо фикри намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ розӣ аст.

«Мақоми муҳоҷири ғайриқонуниро асосан одамоне мегиранд, ки бори аввал омадаанд, ё барои ба таври муқаррарӣ мутобиқ шудан вақт надоштанд», — мефаҳмонад Абдусаттор Эсоев. Вақте бори аввал меоед, ҳама чиз нав ва душвор аст. Шумо намедонед ба куҷо ва чӣ гуна муроҷиат кунед».

Барои пур кардани холигии иттилоотӣ, ба гуфтаи Эсоев, намояндагиҳо ва корфармоён метавонанд ба муҳоҷирон кумак кунанд.

«Барои ҳар як одам узви ҷомеа будан муҳим аст, — мегӯяд ӯ. Чаро муҳоҷирон дар кишварҳои мухталиф анклавҳо месозанд? Онҳо ба ҷойҳое ниёз доранд, ки худро бароҳат эҳсос кунанд. Барои муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон осонтар аст, зеро онҳо асосан забони русиро медонанд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки садди забонӣ доранд ва ҳамин омил онҳоро ба сӯи мақоми ғайриқонунӣ тела медиҳад, бинобар ин, аҳолии маҳаллиро ҷалб кардан лозим аст, то муҳоҷирон ба ҷомеа пайванд шаванд», -гуфт Эсоев.

Чиптаҳо бояд арзон шаванд

Мушкилоти дигар ин хоҳиши бозгашти аксари муҳоҷирон ба Русия шуд.

«Дар аввал мардум метарсиданд, ки дар Русия бимонанд, зеро мехостанд наздикони худро бубинанд, чун касе намедонист, ки коронавирус то чӣ андоза хатарнок аст. Аммо парвозҳо баста шуданд ва ҳарчанд Ӯзбекистон ва Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ ташкил карданд, аммо чиптаҳо гарон буданд, на ҳама метавонистанд онҳоро харидорӣ кунанд», — гуфт Абдусаттор Эсоев.

Вазъ боис шуд, ки бисёре аз муҳоҷирон кӯшиши убур кардани марзи заминиро кунанд ва дар натиҷа мардум дар минтақаҳои наздимарзӣ банд монданд, таъкид мекунад директори бюро.

«Пас аз он мардум тавонист биравад. Бисёриҳо — ба шарофати ҳамоҳангии мо бо ҳукуматҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон. Давлатҳо ҳамкорӣ мекарданд ва созмони мо тавонист барои муҳоҷироне, ки банд монда буданд, автобусҳои ройгон ташкил кунад. Чиптаҳо ҳоло ҳам гаронанд. Ҳоло мо кӯшиш мекунем, ки ҳангоми муроҷиати сафоратхонаҳои кишварҳо кумак кунем — масалан, агар шахс шадидан бемор бошад», -мегӯяд Эсоев.

Нархи билет дар воқеъ, барои баъзе категорияҳои муҳоҷирон дастнорас боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти хадамоти Aviasales, чиптаҳо аз Ӯзбекистон ба Русия дар тӯли сол 55% гарон шудаанд.

Агентии ҳавопаймоии шаҳрвандии назди ҳукумати Тоҷикистон парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия S7 ва Nordwind-ро ба далели болоравии нархҳо комилан манъ кард — нархи чипта қариб ба 1,6 ҳазор доллар расид.

Тоҷикистон мушкилоти иртиботи ҳавоӣ бо Русияро бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров баррасӣ кард, ки дар навбати худ таъкид намуд: «Мо мехоҳем, ба зудӣ ва шумораи парвозҳои мунтазамро барқарор кунем, аз ҷумла барои бозгашти ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд, ин тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад».

Шумора меафзояд

Дар ҳамин ҳол, Русия норасоии муҳоҷирони меҳнатиро то ҳол эҳсос мекунад — дар бахши сохтмон он ба 40-50% мерасад. Роҳбари Хадамоти федералии ҷазо (ФСИН) Александр Калашников ҳатто пешниҳод кард, ки ба ҷои муҳоҷирон меҳнати зиндониҳо истифода шавад.

Сарфи назар аз он, ки дар Русия аз аввали сол тартиби нави ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ — тавассути портали «Work in Russia» — ба роҳ монда шудааст, шумораи коргарони нави хориҷӣ, ки аз оғози сол ба кишвар омадаанд ба ҳазорҳо мерасад. Масалан, аз аввали моҳи май танҳо 187 нафар ӯзбекҳо тавассути ҷалби муташаккилона ба Русия омаданд.

Бо вуҷуди ин, ин раванд нав оғоз ёфтааст ва дар барномаҳои нави кор бо муҳоҷирон дар пандемия як плюси муҳим аст — онҳо рақамисозиро метезонанд, бовар дорад Абдусаттор Эсоев.

«Мо ислоҳоти сиёсати муҳоҷиратро мебинем ва имрӯз, дар он ҷое, ки ислоҳот вуҷуд дорад, масъалаи рақамисозӣ низ ба миён меояд. Рақамикунонӣ зиндагии муҳоҷиронро осон мекунад: сатҳи истифодаи интиқоли пулҳои рақамӣ афзоиш ёфта ва дигар хидматрасониҳо низ рушд мекунанд», — хулоса кард коршинос.

Данара Курманова, Никита Чикунов, Sputnik

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *