Як размикори наврас дар муноқишаи наврасон дар Кӯлоб кушта шуд
Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори навраси тоҷик, кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ ва дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ҳодиса шоми 11 январ, тахминан соати 20:00, дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ рух додааст. Муноқиша аз нофаҳмиҳои лафзӣ оғоз шуда, дар ҷараён яке аз наврасон бо корд ба дили Саъдуллоев зарба задааст. Варзишгар дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Ҷанозаи Муҳаммадалӣ рӯзи 12 январ дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, ҷасадаш ба хок супурда шуд. Падари ӯ пас аз шунидани хабари марг аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст.
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳодисаро тасдиқ карда, аммо дар бораи боздошти гумонбарон маълумот надодааст. Мақомоти қудратӣ то ҳол расман изҳорот нашр накардаанд.
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев соли 2024 қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон гардида буд. Дар мавриди соли таваллуди ӯ (2007 ё 2010) маълумоти мухталиф вуҷуд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ