Як зан 16 мардро ба ВИЧ-СПИД мубтало кард

Мақомоти вилояти Хатлон аз ҳодисаи сироят шудани 16 мард ба бемории ваҳшатноки ВИЧ- СПИД  тавассути як зани сокини ин вилоят хабар доданд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон 2 ноябр, зимни қабули сайёри шаҳрвандон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак аз мадди назари мақомоти дахлдор дур мондани ин ҳодиса ибрози ташвиш кард.

“Ҳафтае нест, ки ин зан дар рӯйхати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ набошад. Як нафар 16 нафарро сироят кардааст. Тасаввур кунед, ин 16 нафар, агар оиладор бошанд, тақдири фарзандону оилаи онҳо чӣ мешавад? Чаро чораҷӯӣ намекунед? Бахши занон куҷо менигарад? Магар ҳаминро бартараф кардан мумкин нест?  Маркази ВИЧ- СПИД дар шаҳр ҳаст, куҷо менигарад? Ин ҳам ба барномаи занон дохил мешавад”-гуфтааст вай.

Ҳамин ҳодиса дар ду ҷо, яке дар Норак, дигаре дар Бохтар, ки ду нафар зан ҳастанд, ҷой доштааст. Вале нозирони минтақавӣ чора наандешидаанд. 

Қурбон Ҳакимзода  афзуд: “Дидед, ки ҳамин гуна  2-3 ҳодиса шуд, чаро ба тезӣ ҳолати фавқулода эълон карда, пешгирӣ намекунед? Мебахшед, дар бахши чорводорӣ, агар як бемории сироятӣ пайдо шавад, чорводор бонги хатар эълон мекунад. Талош мекунанд, ки он зуд паҳн нашавад ва бо ҳар роҳ  пеши роҳашро мегиранд”.

Раиси шаҳри Норак Ҳилолбӣ Қурбонзода, ки кадри нав ва ҳамагӣ 4 моҳ инҷониб фаъолият дорад,   зимни баромади хеш ваъда дод, тамоми камбудиҳои ҷойдошта дар зудтарин муҳлат бартараф мешаванд.  Дар ин бора ба  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳам ахбороти дақиқ пешниҳод хоҳанд кард.

Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *