Янукович: Ҳукумати кунунии Украина «бетаҷриба ва моҷароҷӯ» аст!

Виктор Янукович, раисҷумҳури пешини Украина аз украиниҳо даъват кард, то тасмим бигиранд, ки мехоҳанд ҷангро идома диҳанд ё не.

«Ба назари ман, имрӯз беш аз пеш баҳодиҳии дурусти вазъ ва эҳтиром ба андешаҳои мухталифи шаҳрвандони Украина талаб карда мешавад. Худи шаҳрвандон бояд интихоб кунанд — «то охирин украинӣ» мубориза баранд ё кӯшиш кунанд, ки чизҳои боқимондаро наҷот диҳанд»,- гуфт президенти чоруми Украина.

“Ба ҳар касе, ки таклифҳои конструктивӣ дорад, имконияти сухан кардан ва ба сулҳу осоиш имконият додан муҳим аст. Ин ҷони украиниҳоро наҷот медиҳад ва ояндаи Украинаро ҳифз хоҳад кард”,- гуфт Янукович.

Вай ҳамчунин ҳукумати кунунии Украинаро «бетаҷриба ва моҷароҷӯ» унвон кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.