Ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ дар ДБССТ

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.

Ярмарка-намоишгоҳи ҷойи кори холӣ бо ҷалби корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ дар мувофиқа бо сохторҳои гуногуни давлатӣ дар саҳни донишгоҳ ташкил гардид.

“Зимни суҳбат ба намояндагони корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ, ки ба ин намоишгоҳ ҷойи кори холӣ пешниҳод намуда буданд, тавсияҳои судманд дода шуд”,-иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj.

Ҳамчунин, муовини Сарвазир бо пойгоҳи моддӣ- техникӣ ва раванди таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  шинос  шудааст. Номбурда  ба имконияти таҳсил ва шароити мавҷудаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳиву хизматрасонӣ дар ин донишгоҳ баҳои баланд додааст.

Ёдовар мешавем, ки  дар ҳошияи ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» низ доир гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *