Ярмаркаи камодами либоси мактабӣ. Сабаб бепулӣ ё пандемия?

Ҳамасола моҳи август ташвиши падару модарон дучанд мегардад, зеро омодагӣ ба мактаб оғоз ёфта, аксари волидон дар фикри чӣ тавр ва аз куҷо дастрас намудани сару либос ва лавозимоти мактабии арзон ва хушсифат меафтанд. Ба хотири фаҳмидани қимати лавозимоти хониш ва сару либоси мактабӣ мо роҳи “ярмаркаи мактаби”-ро пеш гирифтем, ки дар боғи Куруши Кабир ташкил шудааст.

Харидорон аз пандемия метарсанд?

Ростӣ, то расидан ба боғи Куруши Кабир гумон доштам, ки дар ин вақту соат харидорон аз мӯйи сар зиёданду ҷойи сӯзанпартоӣ намеёбӣ, вале ғайри чашмдошт ярмарка камодам буд. Аҳён-аҳён харидорон бо писару духтарҳояшон ба ярмарка омада, сару либос ва лавозимоти мактабӣ интихоб менамуданд.

Диққати маро ҷавонзани хушсимои тахминан 30-солае ба худ ҷалб намуд, ки бо ҳавас домон ва куртаи сафеди мактабиро ба духтарчаи фатиламӯяш мепӯшонд. Зулқадаи хурдакак 7-сол дошта, бори аввал ба мактаб меравад, аз ҳамин хотир барои харидани сару либоси мактабӣ ҳамроҳи модараш ба ярмарка омадааст.  Гулнора, модари Зулқада 4 фарзанд дошта, ду нафарашон мактабхон ҳастанд. Шавҳараш дар бозор бор мекашонаду имконияти якбора барои ҳарду фарзандаш либоси мактабӣ харидан надорад, аз ҳамин хотир Гулнора имрӯз ҳамроҳи духтарчаи дуюмаш Зулқада ба ярмарка омадааст, то барояш либоси мактабӣ бигирад, чунки ӯ имсол ба синфи 1 меравад. Ӯ куртаи сафедро бо нархи 75-сомонӣ ва либоси болоӣ-сарафанро бо нархи 80 сомонӣ харидааст. Барои харидани пойафзол, ҷузвдон, қаламу дафтар ва лавозимоти дигари мактабӣ тахминан боз 300-350 сомонии дигар сарф мешавад. Аз назари Гулнора сару либоси мактабӣ дар ярмарка нисбат ба бозор арзонтар аст, вале аз чи бошад, ки харидорон кам ба назар мерасанд.

Ковид-19 ва бепулӣ савдоро кушт

Яке аз фурӯшандагони ярмарка, ки худро Дилшод муаррифӣ намуд, сабаби кам будани харидоронро дар бепулӣ тарс аз Ковид-19 медонад.

-Имсол харидорон нисбат ба солҳои пешин камтаранд. Ба гумони ман мардум аз ковид метарсанд, гурӯҳи дигар бошанд, барои харидани сару либоси мактабӣ маблағ надоранд.,-мегӯяд Дилшод.

Фурӯшанда зимни суҳбат бо мо иқрор шуд, ки бо сабаби низоъҳое, ки чанде пеш дар марзи Тоҷикисон ва Қирғизистон рӯй доданд, имсол аз ин кишвар либоси мактабӣ ворид карда натавонистанд, аз ҳамин сабаб бо фурӯши маҳсулоти ватанӣ машғуланд ва ҳамзамон баъзе либосҳои мактабии истеҳсоли Туркияро, ки пеш аз баста шудани роҳҳо оварда буданд, бо нархҳои арзон ба харидорон пешкаш карда истодаанд.

Нархи либос ва лавозимоти мактабӣ

Ба гуфти Фирӯза-фурӯшандаи дигари ярмарка нархи куртаи сафеди мактабӣ барои хонандагони синфҳои поёнӣ-1-4 аз 50 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Домон-юбкаи кӯдакона 50-80 ва серофан 80-120 сомонӣ арзиш дорад. Лентаҳои ороишӣ барои мӯйи духтарчаҳо аз 15 то 30 сомонӣ, калготки 20-35 сомонӣ ва либоси таҳпӯш-майкача аз 15 то 25 қимат дорад. Либоси хонандагони синфҳои болоӣ нисбатан гаронтар буда, маъмулан нархи куртаи сафеди духтарона аз 100-120 сомонӣ шурӯъ мешавад. Серофан ва домон-юбка барои духтарони синфҳои 7-10 тахминан 150-300 сомонӣ арзиш дорад. Қимати шиму костюм барои писарчаҳои синфҳои 1-4 аз 250 то 300 сомонӣ ва барои хонандагони синфҳои болоӣ аз 350 то 700 сомониро ташкил медиҳад.

Қимат бе ҳикмат нест

Ногуфта намонад, ки қимати маҳсулот аз сифати он сахт вобастагӣ дорад. Молҳои туркӣ нисбат ба либосҳое, ки дар Чин, Тоҷикистон ва ё Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, қиматтаранд, вале тавре ки харидорон мегӯянд, бори туркӣ қимат бошад ҳам, бе ҳикмат нест ва харидор фиреб намехӯрад, чунки сифати маҳсулоти аз Туркия омада баланд буда, ду-се сол хизмат мекунад.

Яке аз фурӯшандагон, ки ба савдои сару либоси бачагонаи мактабӣ машғул аст, аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, зимни суҳбат бо мо чунин изҳори андеша намуд: 

-Ман се намуд либос дорам-туркӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ. Нархи як шиму костюми истеҳсоли Тоҷикистон ё Ӯзбекистон барои синфҳои поёнӣ 250-280 сомонӣ аст, бори Туркия тахминан 100-150 сомонӣ қимматтар бошад ҳам, сифаташ фарқ мекунад. Амрикоиҳо мақоли аҷибе доранд: “Мо чандон бой нестем, ки либосҳои арзон харем!” Ин масали халқии амрикоӣ як ҷаҳон маънӣ дорад. Вақте ки либоси арзонро мехаред, он дар муддати кӯтоҳ сифаташро аз даст дода, пат мебарорад ё рангаш тағйир меёбад ва маҷбур мешавед, ки дар нимаи сол дубора пул сарф карда, боз як либоси дигар бихаред. Либоси қимат бошад, сифати хуб дорад ва шумо метавонед онро соли дигар ба фарзанди хурдиатон пӯшонед.

Қарз гирифтам, то ки….

Мустафо аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳи зану фарзандонаш ба ярмарка омадааст. Онҳо соҳиби ду духтару як писар буда, ду фарзандашон мактабхон ҳастанд, Мустафо мегӯяд:

-Ман ҳам мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ҳар сол ба Русия ба мардикорӣ мерафтам ва зиндагиамро аз ҳамин ҳисоб пеш мебурдам, вале имсол нархи чиптаи ҳавопаймо якбора ба осмони ҳафтум дакка хӯрда, то 10-14 ҳазор сомонӣ расид, аз ҳамин сабаб ба Русия рафта натавонистам. Кӯшиш кардам, ки дар ҳамин ҷо ягон кори муносиб ёбам, аммо нашуд. Ночор аз як дӯстам 7-ҳазор сомонӣ қарз гирифта, чипта харидам. Ба наздикӣ бояд ба Русия парвоз кунам, барои ҳамин имрӯз фарзандонамро ба ярмарка овардам, то сару либос ва дигар лавозимоти мактабиашонро харида дилпур шавам. Гумон доштам, ки ҳазор сомонӣ ба ду мактаббача мерасад, вале баъди тамошои ярмарка ба хулсае омадам, ки танҳо барои писарам, ки дар синфи 7 мехонад, тахминан 700 сомонӣ сарф мешавад.

Арзонтарин маҳсулоти ярмарка

Дилноза ба сифати назоратчӣ кор мекунад. Ин духтараки чеҳрахандонро мо дар дӯкони ҷӯробфурӯшӣ пайдо кардем. Ба ақидаи Дилноза ҷӯроб як чизи назарногир намояд ҳам, дар асл барои инсон, хоса, барои кӯдакон бисёр зарур аст. Нархи ҷӯроб дар ярмарка аз ҳама арзон буда, ҳамагӣ 3-4 сомонӣ аст. Волидон ҳамагӣ ба 20-сомонӣ ба фарзанди худ 5-6 ҷуфт ҷӯробҳои хушсифат харида метавонанд.

Дафтари арзон дар ҷузвдони гарон

Дафтари оддӣ мисли солҳои пешин 50 дирам арзиш дорад. Албом барои расмкашӣ аз 3 то 8 сомонӣ. Ҳисобкунан-счёт 8-10 сомонӣ, пластилин то 15-20 сомонӣ ва ҳамин тавр ба гуфти фурӯшандагон дар маҷмӯъ бари харидани маводи хониш (ба ғайр аз ҷувздон) тахминан аз 70 то 120 сомонӣ сарф мешавад. Интихоби ҷузвдон бошад, дар ярмарка васеъ аст. Волдайн метавонанд бар ивази аз 50 то 300 сомонӣ ҷузвдон харидорӣ кунанд. 

Агар 4 фарзанди мактабхон дошта бошед….

Серфарзандӣ барои тоҷикон як падидаи маъмулӣ буда, новобаста ба талошҳо барои танзими оила то ба ҳол аксари хонаводаҳо ҳадди ақал 3-4 фарзанд доранд. Фосилаи байни тавлиди фарзандон кам ва ҳама пай дар пай мактабхон шуда бошанд, харидани сару либоси мактабӣ барои падару модар хеле гарон меафтад. Имрӯз ба ҳисоби миёна барои ба мактаб омода намудани як кӯдак аз 500 то 1000 сомонӣ маблағ лозим аст. Оила 3-4 фарзанди мактабхон дошта бошад, барои харидани либос ва лавозимоти мактабӣ аз 2000 то 4000 сомонӣ лозим мешавад. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал ҳудуди 600 сомониро ташкил медиҳад. 

Фирӯза Сатторӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *