Ёди Меҳмон Бахтӣ. Аз дафтари хотироти Кароматуллоҳи Мирзо

Охири соли 2025 қалби Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Кароматуллоҳи Мирзо аз тапидан бозмонд. Марҳум то вопасин рӯзҳои умр қаламро аз даст нагузошт ва машғули корҳои эҷодӣ буд. Бинобар ин, чанд асари нависанда ҳанӯз нашр нашудааст. Чанд рӯз қабл Парвиз – фарзанди устод Кароматуллоҳи Мирзо ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj омад ва як навиштаи нотамоми падарро бо худ овард. Ин навиштаро, ки “Ёди Меҳмон Бахтӣ” ном дорад, пешкаши хонандагон мекунем. Ёди ду адиби забардаст – Кароматуллоҳи Мирзо ва Меҳмон Бахтӣ ба хайр!

Аз идора

Барои аз ҷое ба ҷое расидани Меҳмон Бахтӣ хонадон таъсири зиёд дорад. Хонадоне, ки аз гузашта бофарҳанг. Аз зоти модарӣ бобои Меҳмон дар водӣ одами овозадор будаанд, дар мадрасаҳои Бухоро хондагӣ. Падари Меҳмон Муҳаббат Шарифов раиси колхоз, раиси ҷамоа. Модар Бегимоҳ шоирнамо, кони афсона. Ба гӯши Меҳмон аз хурдӣ афсона мехонда. Бародари падар Манзар Шарифов котиби аввали Ҳизби коммунисти вилоят, баъд котиби кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ. Меҳмон Бахтӣ ана дар ҳамин гуна ҳаво тарбият ёфта.

Номгузорӣ ҳам як ҳикояте: Ҳамон шаб дар хонаашон меҳмонҳо будаанд, яке аз ин меҳмонҳои иззатманд, олиқадр, котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳия, меҳмондорӣ, хушию хурсандӣ. Дар ҳамин шаби меҳмондорӣ дар хона тифл ба дунё меояд. Ба вай котиби аввали ҳизб ном мегузорад. Ба шарафи меҳмонҳо ӯро Меҳмон ном гузоштааст. Аммо ин ном ба модари Меҳмон Бегимоҳ хуш наомада. Бачаи ман дар хона Меҳмон не, ҳаргиз, вай Бахт, бахти мо. Меҳмон ба хотири модар ҳарфи ӯро тахаллус мегирад – Бахтӣ.

***

Роҳи Меҳмон Бахтӣ пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навобод ба Донишгоҳи омӯзгории дар он вақт ба номи Тарас Григоревич Шевченко, ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ шуда. Ин ҷо акнун барои Меҳмон Бахтӣ ва мо барин ҳаммаслакони роҳи эҷод, як мактаби бузург. Соли 1958, қариб 65 сол пеш аз ин ба факултаи таъриху филология дохил шуда будем. Гурӯҳи мо 17 нафар. Сардори синфамон Меҳмон. Ҳамаи ҳамин 17 нафар – оғоз аз Меҳмон шоиру нависандашав. Дар донишгоҳ рӯзномаи “Педагоги ҷавон” нашр мешуд. Аз замони дохил шуданамон қариб ҳамаамон ба он хабару мақола, шеър ё ҳикоя менавиштем. Дар донишгоҳ маҳфили адибони ҷавон мавҷуд будааст, роҳбараш Тилло Пӯлодӣ, қариб ҳамаи аъзои гурӯҳи ҳабдаҳнафараи мо ба он аъзо шудем. Муаллим Тилло Пӯлодӣ гуфтанд, ки аз миёни мо ягон нафарро роҳбари маҳфил интихоб мекардаанд. Хаёл доштем ягон навқалами ба назар намоёнро ба ин вазифа мегиранд. Дар ҳамин рӯзҳо шеърҳои сардори синфи мо Меҳмон бо сураташ дар рӯзномаи “Педагоги ҷавон” чоп шуда буд. Хаёл доштем вай ё Карамшо Назаров ё Ғоиб Сафарзодаро, ки шоирони намоён ҳисоб мешуданд, роҳбари маҳфил интихоб менамоянд. Аммо устод Тилло Пӯлодӣ гуфтанд, ки Лоиқ сардори маҳфил аз миёни донишҷӯён. Лоиқ ҳам ҳамкурси мо. Лекин ягон шеъраш чоп нашуда буд, эътироз намудем. Устод Тилло Пӯлодӣ гуфтанд, ки дафтари шеърҳои Лоиқро хондаанд, вай дар оянда яке аз шоирони машҳури ҷумҳурӣ мешуда. Лоиқ роҳбари маҳфил шуд. Боз хоҳиши устод Тилло Пӯлодӣ, ки аз миёни насрнависон ҳам як нафар лозим. Як ҳикоячаи Меҳмон дар газета чоп шуда буд. Ӯ муовини роҳбари маҳфили адибони ҷавон. Меҳмон аллакай чанд вазифа дошт, ӯ узви маҳфили ҳаваскорони санъати донишгоҳ ҳам. Вай шӯх, дидадаро, бо вазифаи сардори синф буданаш машҳур. Журнали курсамон дар зери бағал шӯхӣ карда ба синфхонаи донишҷӯёне, ки нав дохил шуда буданд, медаромад. “Ман муаллиматон” мегуфт ба онҳо. Ба пешвозаш мехестанд. Баъде, ки муаллимашон меомада, вай боз ҳамон журнал дар зери бағал хандида-хандида аз назди онҳо мебаромада.

Аз миёни 17 нафар донишҷӯёни гурӯҳи мо 5 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, се нафарамон – Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Кароматуллоҳи Мирзо соҳиби унвони шоиру нависандагони Тоҷикистон, барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ. Ин  ҳама аз таъсири муҳити адабие, ки дар Донишгоҳ мавҷуд буд. Маҳфили адибони ҷавон бо роҳбарии устод Тилло Пӯлодӣ, таъсири донишу фазилати устодоне, ки дар донишгоҳ ба мо сабақ меомӯхтанд. Инҳо Носирҷон Маъсумӣ, Холиқ Мирзозода, Юрий Бобоев, Ҷонон Бобокалонова, Абдуғанӣ Эшонҷонов, Қобилшо Маликов, Муҳаммадӣ Исматуллоев…

***

Соли 1963 Донишгоҳи омӯзгориро хатм намудем. Меҳмон Бахтӣ дар Кумитаи телевизион, Лоиқ дар Иттифоқи нависандагон, банда дар нашриёт кор мекардем. Меҳмон Бахтӣ баъди хатми донишгоҳ ҳам дар ҳама ҷо “ман сардори синф будам, Лоиқу Кароматулло худашонро базӯр нигоҳ дошта мегаштанд” мегуфт.  Суханони ӯ ба гӯши Лоиқ мерасад. Ба ман шӯхиомӯз гуфт, ки ба Меҳмон мегӯем, ки дар ҳар куҷо ин гапҳоро нагӯяд, ман сардори синф ҳам нагӯяд.

Рӯзе Меҳмонро ба ҳуҷраи ман ҷеғ задем. Ман директори нашриёти “Адиб” будам. Лоиқ аз Меҳмон талаб кард, ки дигар сардори синф будам нагӯяд. Меҳмон оташин шуд, гуфт ки мо ҳақ надорем ба вай чунин амр диҳем…

***

Меҳмон Бахтӣ нависандаи намоён ҳам ҳаст. Қиссаҳои “Хубон”, “Пирамард”, “Оҳи сабук” ва бисёр навиштаҳои дигараш ба ин гувоҳ. Қиссаи “Хубон” ба ӯ шуҳрат овардааст. Он дар бисёр маҷаллаҳои марказии он замон дар Маскав, аз ҷумла дар рӯзномаи “Литературная газета” чоп шуда буд. Бо бисёр забонҳои дигар ҳам китоб шуда.

Қаҳрамони асосӣ Хубон. Вай зани бардаму боқувват, сардори бригада. Шавҳараш Соҳиб дар ҷанг. Бо ишқу муҳаббат хонадор шуда буданд. Ҷанг боиси барҳам хӯрдани зиндагии ширини онҳо мешавад… Қисса қиссаи аҷоиб, диққатҷалбкунанда, бисёр масъалаҳои нозуки зиндагиро дар бар мегирад. Лек дар атрофи номи ӯ овозаҳо пайдо мешаванд ва зану шавҳар ба сулҳ омада натавонистанд… 

***

Меҳмон Бахтӣ арбоби намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ, шоир, нависанда, драматург. Ӯ дар драматургия шуҳрати беандоза ёфта. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ ба ин ҷониби эҷод шавқу ҳавас дошт. Узви дастаи ҳаваскорони санъати донишгоҳ буд. Саҳнаҳо менавишт, онҳоро ба саҳна мегузошт. Асари аввалини саҳнавии ӯ песаи якпардагии “Муборизони роҳи озодӣ” ном дошт, ки пас аз соли аввали хатми донишгоҳ, соли 1964 навишта буд. Баъди эҷоди ин саҳнаи пурсӯзу гудоз ӯ драмаҳои “Шоҳнома”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Ҷавонӣ, эҳ ҷавонӣ”, “Лаҳзаи ҷовид”, “Роҳзан ва кӯзагар”,“Бародарон”-ро манзури оммаи тамошобинон намуд, ки аз ҷиҳати забону баён, банду баст беназиранд. Меҳмон Бахтӣ ба туфайли асарҳои саҳнавиаш, аз ҷумла барои драмаи “Шоҳнома” сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст…

Кароматуллоҳи МИРЗО,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *