Юсуфӣ: «…Ҳар кас диҳад ноне, ба рўзе миннате дорад»

Балое чун расад бар ту, махӯр ғам, ҳикмате дорад,
Чу дардеро Худо бахшад, яқинан қимате дорад.

Яке розӣ зи тақдиру яке ҳам норизо аз он
Ки ҳар одам ба ҳар чизе насибу қисмате дорад.

Яке афтода аз ғамҳо, ки нолидан бувад кораш
Яке фориғ зи заҳматҳо, ки бахту роҳате дорад.

Марав бар кӯи сармастӣ, ки охар оварад пастӣ
Ба некӣ кўш, эй ҷонам, ки дунё фурсате дорад.

Даво кун хастаҳолеро чу мебинӣ ки ранҷур аст
Ки бадбахтии ў ҳатман замону муддате дорад.

Биёбӣ ганҷи беранҷе, чу аз каф рафт, меранҷӣ,
Бидон, ҳар кас диҳад ноне, ба рўзе миннате дорад.

Зи нодорӣ чӣ менолӣ, қаноат пеша кун, зеро
Дами ҷон канданаш доро ба молаш лаънате дорад.

Адабиёти тоҷикادبیات تاجیک | Аз шоираҳои муъосири тоҷик | Facebook

Маълумотнома

Махфират Юсуфӣ 9-уми майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааcт. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Маҷмӯаи шеърҳо ва дигар осораш таҳти унвони «Гаҳворабони ғам», «Гӯётар аз садо», «Ҳадиси тарбияти бузургсол» , «Дардҳои ниҳон», «Гули ёс» , «Печутоби сарнавишт», «Гӯётар аз садо» , «Фоли Ҳофиз» (баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ), «Пайки Наврӯз» , «Асири зиндагӣ» , «Тозакориҳои истиқлолият». «Маҷмӯаи мусоҳибаҳо» ба дасти хонанда расидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.