Заминларза дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон соати 02:14-и 9-уми январ заминларза ба вуқӯъ пайваст. Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар дар ин бора хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ дар 61-километрии ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Ларзиши замин дар маркази он 5,3 дараҷаро ташкил додааст. Заминларза дар Афғонистон, Чин ва Тоҷикистон бақайд гирифта шудааст. Маълум нест, ки дар дигар минтақаҳо бузургии заминларза чанд дараҷа будааст.
Сокинон аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ларзиши заминро эҳсос кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ