Зани “Алибобо”дар 75-солагӣ ҳам ҷавону зебою дилкаш аст

Дар кишвари мо шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки филми ҳиндии “Алибобо ва 40 роҳзан”-ро тамошо накарда бошад. Ин филм дар замони шӯравӣ яке аз машҳуртарин филмҳои ҳиндӣ ба ҳисоб мерафт ва онро хурду калон гаштаву баргашта бо шавқу завқи бепоён тамошо мекарданд.

Нақши ҳамсари Алибобо — шоҳдухтар Марҷонаи нозанинро дар ин филм актрисаи машҳуртарини Ҳиндустон Хема Малини бозидааст. Моҳи октябр ин зани хушбахт, ки дар сар то сари ҷаҳон машҳур гаштааст, ба синни мубораки 75-солагӣ қадам гузошт.

Хема Малиниро “Достони зиндаи Болливуд” меноманд, зеро ин зани сар то по ҳунар дар ҳақиқат инқилоби ҳунарӣ намуда, дар зиёда аз 150 филм нақшҳои марказиро бозидааст ва як бору ду бор не, балки расо 11 маротиба ҷоизаи “Беҳтарин актрисаи Ҳиндустон”-ро дар фестивалҳои баландпояи байналмилалии синамо ба даст овардааст. Дар сар то сари сайёраи Замин ягон кишваре нест, ки Хема Малиниро касе нашиносад.

Дар баробари шуҳрати гӯшношунидаш дар олами синамо, ин зани шуҷоъ ва донишманд дар сиёсат низ нақши бузург ва намоён дорад. Хема Малини фаъолияти сиёсиашро ҳамчун узви шӯрои палатаи  болоии парлумон сар карда, тавонист то вазифаи раиси Ҳизби халқии Ҳиндустон бирасад, ки барои як санъаткор, хоса барои зан — актриса ин муваффақияти хеле бузург аст.

Бо ин ҳама шуҳрату мақомаш, Хема Малини бисёр инсони заминӣ ва зани хоксору меҳрубон аст. Ин актрисаи машҳур то андозае фурӯтан аст, ки 75-умин солгарди умрашро дар муҳити оилавӣ бе ягон тантана ва дабдаба хеле хоксорона таҷлил намудааст. Хема Малини танҳо бо гузоштани чанд акс аз ҷашни мавлудаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мавлуд доштанаш хабар додааст. Дар ин аксҳо актриса ҳамроҳи шавҳараш Дхамендра ва духтараш актрисаи шинохта Иша Диол тасвир ёфта, як оилаи хушбахт будани онҳо аён аст.

Ба аксҳои Хема Малини нигариста, боварии кас намеояд, ки ин зан ба синни 75-солагӣ қадам ниҳодааст, зеро актриса то ҳол хеле ҷавону дилкаш менамояд. Дар поёни акси ҳамроҳи шавҳараш гирифташуда Хема Малини навиштааст: “Ишқи мо оташи гармест, ки шуълааш ҳаргиз хомӯш намешавад!”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *