Александр Невзоров

Журналист дар ғайбаш ба 8 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи “Басмани”-и Маскав нисбати рӯзноманигор Александр Невзоров, ки Русияро тарк карда буд, ҳукми ғоибона содир кард. Ӯ дар парвандаи «қалбакии ҳарбӣ» ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ Невзоровро дар паҳн кардани “фейкҳо” дар бораи артиши Русия бо ангезаи адовати сиёсӣ тибқи банди “г”, қисми 2, моддаи 207.3-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия гунаҳкор донист. Ба иловаи ҳашт соли зиндон, ғоибона Невзоровро барои чаҳор сол истифода аз идораи манобеи интернетӣ маҳрум кард.

Ба гуфтаи муфаттишон, рӯзноманигор рӯзи 9-уми марти соли 2022 дар Instagram ва YouTube дар бораи ҳадафмандона тирборон кардани як таваллудхона дар Мариупол аз ҷониби артиши Русия «маълумоти бардурӯғ» нашр кардааст.

Вазорати дифои Русия расман “дурӯғ будани ин хабар”-ро эълон кард. Дар ин бора Кумитаи тафтишотӣ дар баёнияи матбуотӣ хабар додааст.

Парвандаи зидди Невзоров охири моҳи марти соли 2022 боз шудааст. Моҳи апрел Вазорати адлияи Русия ин рӯзноманигорро «агенти хориҷӣ» эълон кард ва аз моҳи май ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Дар моҳи июн маълум шуд, ки рӯзноманигор шаҳрвандии Украинаро гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *