Зуд, қулай, осон: чат-боти “Доно” ба муштариён чӣ тавр кӯмак мерасонад

Аллакай қариб 60% ҳамаи муроҷиатҳо ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон бо кӯмаки ёвари виртуалӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Ба шарофати он, ки чат-боти Доно дарҳол посух медиҳад ва мунтазам такмил меёбад, нишондиҳандаи қаноатмандии мизоҷон (CSI) низ рӯ ба афзоиш аст: он аз оғози соли 2025 28% боло рафта, шумораи саволҳое, ки “Доно” ба онҳо ҷавоб медиҳад, 45% зиёд гардидааст.

“МегаФон Тоҷикистон” имкониятҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла зангзанӣ ба маркази тамос ё муроҷиат ба идораи ширкатро пешниҳод мекунад. Аммо ҳалли мушкилот бо ёрии чат-бот боз ҳам зудтар сурат мегирад. “Доно” бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ кор мекунад, шабонарӯзӣ ва дар ҳама ҷо дастрас аст ва ба саволи маъмулӣ дар тӯли чанд сония, бе ягон навбат посух медиҳад.

“Доно” бо муштарӣ сӯҳбатро идома медиҳад ва бо истифода аз маълумоти марбута дар бораи тарофаҳо, бастаҳо ва бонусҳо посухҳои зарурӣ медиҳад. Пас аз ба кор даромадан бот истифодабарандаро вобаста ба вақти шабонарӯз хайрамақдам мегӯяд, тавозун, бақияи тарофа, холҳои бонусӣ ва санаи пардохти навбатиро нишон медиҳад. “Доно” ҳам ба муштариёни ширкат ва ҳам барои истифодабарандагони дигар операторҳо дастрас аст – тавассути он метавон SIM-корт фармоиш дода ё рақам интихоб намуд.

Муошират тариқи “Доно” осон аст: онро метавон дар сомона, ҳуҷраи шахсӣ, Telegram ва Facebook Messenger пайдо намуд. Шумо инчунин метавонед дар WhatsApp бо рақами 907 700 500 тамос гиред ё аз замимаи мобилии “МегаФон Life” барои идоракунии мустақилонаи хизматрасониҳо истифода баред.

“Доно” чӣ кӯмак мерасонад? Дар бахшҳои “Тавозун ва бонусҳо”, “Хизматрасониҳо ва тарофаҳо” истифодабарандагон метавонанд тавозуни худро тафтиш кунанд, бонусҳоро ба хизматрасониҳои алоқа иваз кунанд, хизматрасониҳоро пайваст ва қатъ намоянд, тарофаҳоро иваз кунанд ва инчунин бо истифода аз калкулятори “Биё Бисоз 2.0” бастаҳои худро бисозанд. Дар бахши “МегаФон Life” ва мағозаи интернетии ширкат маълумот дар бораи хизматрасониҳо: мушаххасгардонии ҳамён, барқароркунии рамзи PIN, фармоиши рақамҳо бо бурдарасонӣ ва дастраскунии тафсилоти ҳисоб ҷойгир карда шудааст.

Дар баробари ин, “Доно” дар хизматрасонӣ аз рӯи интернети хонагӣ кӯмак мекунад. Имкониятҳои бот аз он вобаста аст, ки оё истифодабаранда суратҳисоби шахсӣ дорад ё не. Агар номбурда суратҳисоб надошта бошад, “Доно” ба ӯ имкон медиҳад, ки барои пайвасткунии “Интернет барои хона” дархост гузорад, истинод барои санҷиши фарогирӣ ва маълумотро дар бораи тарофаҳои амалкунандаи солона ва моҳона пешниҳод менамояд. Дар масъалаҳои дигар ба муштарӣ маслиҳат медиҳад, ки бо рақами 4747 бо мушовир тамос гирад. Барои муштариёне, ки ҳисоби шахсӣ доранд, чат-бот имкониятҳои васеъкардашударо  пешниҳод мекунад. Истифодабаранда метавонанд дар бораи ҳамаи суратҳисобҳои пайваст ба рақами телефони худ, аз ҷумла доир ба ҳар як суратҳисоб, аз ҷумла тавозун, тарофаи ҷорӣ, тахфифҳо ва санаи пардохти навбатӣ маълумоти пурраро ба даст орад. Ба ғайр аз ин, “Доно” маълумотро дар бораи хизматрасониҳои иловагии фаъол ва дастрас пешниҳод менамояд.  


Боз як функсияи чат-бот кӯмак дар пайвасткунии кортҳои виртуалии eSIM ба шумор меравад. “Доно” маълумот дар бораи шартҳои пайвасткунӣ, аз ҷумла рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро бо тартиби пай дар пай пешниҳод мекунад. Истифодабарандагон инчунин метавонанд маълумоти умумиро дар бораи eSIM ба даст оранд ва доир ба усулҳои дастраси фаъолсозии он маълумот пайдо намоянд.

Бахши “Идораҳо ва дастгирӣ” маълумотро дар бораи реҷаи кории идораҳо дар минтақаҳо пешниҳод карда, имкон медиҳад, ки бо оператор тамос мустақиман ба роҳ монда шавад. Агар чат-бот дар давоми як сӯҳбат се маротиба дархостро фаҳмида натавонад, ба истифодабаранда ба таври автоматӣ пайвастшавӣ бо оператор пешниҳод карда мешавад. Лекин “Доно” пайваста дар инкишоф аст, ва ҳарчи камтар дар пешниҳоди посух душворӣ мекашад.  Ғайр аз ин, “Доно” фикру мулоҳизаҳоро ҷамъ меорад: истифодабарандагон чат-ботро аз рӯи ҷадвали 10-баллӣ баҳо медиҳанд ва ҳангоми зарурат сабабҳои норозигиро нишон медиҳанд. Чунин равиш самаранокии ёвари виртуалиро баланд мебардорад. 

“Чат-боти “Доно” барои муштариёни мо ба як воситаи бисёр зарурӣ табдил ёфтааст. Он маълумоти мубрамро дар бораи тарофаҳо, бастаҳо ва хизматрасониҳо пешниҳод намуда, вақтро сарфа мекунад ва дар ҳалли аксари масъалаҳо бе муроҷиат ба оператор кӯмак мерасонад. Мо ба инкишофи функсияҳои бот идома медиҳем, то раванди хизматрасонӣ боз ҳам қулай ва самаранок гардад”, – мегӯяд  Фарангис Нурханова, роҳбари самти таҷрибаи кор бо мизоҷон ва хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *