Ғалабаи футболбозони тоҷик дар Дубай
Тими миллии наврасони Тоҷикистон дар бозии дӯстона Арабистони Саудиро шикаст доданд
Бозии дастаҳои то 17-солаи ду кишвар рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Дубай доир гардид, вақт асосии он бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани зарбаҳои 11-метра наврасони тоҷик бартарӣ нишон дода, бо натиҷаи 10:9 бо ғалабаи бозингаронӣ тоҷик анҷомид.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дидори дӯстонаи навбатии худро рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Дубай бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ