Қобилҷон Хушвахтзода ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб шуд!
Дар Анҷумани умумии аввалини Академияи илмҳои Осиё (AASC), ки дар Гонконги Ҷумҳурии Чин баргузор шуд, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба ҳайси ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё итихоб гардид. Менависад “Ховар”.
Анҷумани умумии Академияи илмҳои Осиё бо иштроки 121 вакил аз давлатҳои гуногун иштирок карданд. Аз ҷумла Чин, Русия, Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон, Амрико, Фаронса, Юнон ва Белорусия баргузор гардид. 97 вакил дар итихобот иштирок карданд.
Академияи илмиҳои Осиё ягона муассисаи илми аст, ки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳамгироии донишмандони Осиё таъсис ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ