Ҷалолиддини Балхӣ: Калонтарин корхонаи истеҳсоли орд рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзҳои наздик корхонаи истеҳсоли орд, ки замоне калонтарин дар Осиёи Миёна маҳсуб мешуд, ба фаъолият оғоз мекунад.
Ин корхона дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар як шабонарӯз то 500 тонна орд истеҳсол мекард ва яке аз муҳиму стратегитарин иншооти саноатии минтақа ба шумор мерафт.
Қурбоналӣ Қурбонзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки корхона пас аз бозсозии куллӣ ва муҷаҳҳазсозӣ бо таҷҳизоти муосир, омодаи ба кор даромадан аст. Ба гуфтаи ӯ, ифтитоҳи расмии корхона дар рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Рустам Холиқзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳанӯз дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон иброз дошта буд, ки корхона моҳи марти соли 2025 ба фаъолият оғоз мекунад. Ба назар мерасад, ки корҳои бозсозӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расонида шудаанд.
Ин иқдом дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ сурат гирифта, интизор меравад, ки баъди ба истифода додани он даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёбад ва истеҳсоли маҳсулоти ордӣ дар кишвар афзоиш ёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ