Ҷаримаи соҳибкор ва корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ барои “дуздии барқ”
Агентии назорати энергетикӣ хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд як ҳолати пайвасти ғайриқонунии қувваи барқ ошкор шудааст.
Ба иттилои ниҳод, як корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ бе иҷозати расмӣ қувваи барқро ба нуқтаи шустушӯи нақлиёти як соҳибкор васл намудааст.
Дар асоси натиҷаи санҷиш, ҳам корманди шабака ва ҳам соҳибкор мутаносибан бо моддаҳои 394 ва 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима шудаанд.
Маблағи ҷарима зикр нашудааст, аммо тибқи меъёрҳои қонун, барои чунин амалҳо аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
То ҳол назари корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ ва соҳибкор дар бораи ин қазия маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ