Ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон анҷом дода шуд
Бори аввал дар Тоҷикистон ба бемори гирифтории омоси сараки ғадуди зери меъда ду стенти худкушода шавандаи металлӣ бо усули эндоскопи бе буриш аз даҳон гузошта шуд. Дар ин бора Вазорати тандурусти хабар додааст.
“Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба як нафар бемор, ки бо шикоятҳои зардшавии луобпардаҳо ва склера, ранги пешоб сурхчатоб , дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва заъфи умумӣ ба маркази мазкур муроҷиат кард, бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин бемор ду стенти худкушодаи металлӣ гузошта шуд”- гуфт манбаъ.
Ин ҷарроҳии нодирро пизишки маркази номбурда, Сорбон Мусоев номзади илмҳои тиб анҷом додааст.
Табиб Мӯсоев изҳор дошт, ки “дар бемор омоси сараки ғадуди зери меъда, ки ба дувоздаҳангушта ва меъда паҳн мешавад, инчунин, зардшавии механики ва стенози декомпенсатсияшудаи пилорикиро нишон дод”.
Ҳамин тавр, ба бемор амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз холангиопанкреатографияи ретроградии эндоскопӣ (ERCP) ва папиллосфинктеротомияи эндоскопӣ бо гузоштани стенти худкушодаи металлии нитинол, ки дарозии 8 см ва диаметри 1 см дорад, ба роҳҳои сафро гузаронида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ