Ҷавонони тоҷик миёни беҳтаринҳои ҷаҳон дар IMO-2025

Хонандагони тоҷик дар 66-умин Олимпиадаи байналмилалии математика (IMO-2025), ки аз 10 то 20-уми июл дар Австралия баргузор гардид, бо натиҷаҳои назаррас ба Ватан баргаштанд.

Машрафҷон Иномов, хонандаи синфи 11 ва Олимҷон Тухтаров, хонандаи синфи 10-и филиали литсей-интернати “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор дар ин озмуни байналмилалӣ сазовори медали нуқра гардиданд.

Илова бар ин, Меҳрубон Юсупов, хонандаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд, бо ифтихорнома қадрдонӣ шудааст.

Дар Олимпиадаи байналмилалии математика, ки дар он беш аз 600 хонанда аз зиёда аз 110 кишвари дунё иштирок доштанд, Тоҷикистонро 6 хонандаи мактабҳои миёна намояндагӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *