Ҳамкории Тоҷикистон ва Муғулистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад

Дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи асосии ин ёддошт таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкории амалии дуҷониба дар бахши сайёҳӣ мебошад.

Дар доираи ин санад ҳамкории ду ҷониб дар самтҳои мубодилаи таҷриба ва сиёсати соҳа, ташкили чорабиниҳои муштарак, муаррифии имконоти сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтор, таҳияи маҳсулоти муштараки сайёҳӣ ва пешбурди ташаббусҳои рақамӣ густариш меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *