Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Душанбе давоми се рӯз муваққатан маҳдуд мешавад
Рӯзҳои 23, 24 ва 25 июл ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои пойтахт муваққатан маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
♦️Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 23 июл аз соати 18:00 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Мастонгулов, Абуалӣ ибни Сино, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан қатъ мегардад.
♦️Рӯзи 24 июл маҳдудиятҳо дар хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ, инчунин кӯчаҳои Теҳрон ва Шероз ҷорӣ мешаванд.
♦️Рӯзи 25 июл ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти шаҳри Ваҳдат ва аз дидбонгоҳи Чорбоғ ба самти ноҳияи Варзоб маҳдуд мегардад.
Маҳдудиятҳо дар соатҳои гуногуни рӯз татбиқ мешаванд. Раёсат аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки барои ҳаракат аз роҳҳои алтернативӣ истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух рӯзҳои 23–26 июл бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ