Ҳукми Парвиз Одинаев барои қатли бераҳмонаи писари 15-солааш содир шуд
Парвиз Одинаев, ки ба куштори бераҳмонаи писари 15-солааш муттаҳам гардида буд, ба 25-соли зиндон маҳкум шудааст.
Парвиз Одинаев моҳи июли соли равон бо гумони қатли бераҳмонаи писари 15-солааш Хусрав Одинаев боздошт шуда буд. Аз суди олии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ҳукми Парвиз Одинаев содир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли равон марги Хусрав Одинаев аз дасти падараш ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Ин ҳодиса пас аз нашри наворе расонаӣ гардид. Дар он навор, ки аз сӯйи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев сабт шудааст, дида мешавад, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.
Баъдтар, Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри иттилое гуфт, рӯзи 26-уми июл мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор дониста, барои ошкор ва иқрор намудан аз пойи писараш бо банд баста бо мошин кашола кардааст.
“Наврас дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст”, – гуфт ВКД.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ