Ҳунарманди хушсадо ва зебо аз олам даргузашт (аудио)

Имрӯз, 30 май  дар шаҳри Душанбе сарояндаи номдор Бунафша Шокирова дар синни 50 — солагӣ аз олам даргузашт. Номбурда, яке аз сарояндаҳои маҳбуб буд ва солҳои тӯлонӣ дар Ансамбли овозадори “Дарё” фаъолият дошт.

Бунафша Шокирова 18 июни соли 1972 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Шеваи хоси сарояндагӣ дошт ва бештар дар ҳавои таронаҳои мардумӣ суруд мехонд.

Аҳли ҳунар марги ӯро талафоти азим дар санъати тоҷик арзёбӣ мекунанд.

Ҳунаршиноси тоҷик Шаҳобиддини Ҳақназар мегӯяд, ки Бунафша шеваи хоси сарояндагӣ дошт: “Фаъолияти эҷодии ӯ дар ансамбли овозадори “Ганҷина” оғоз шуда, солҳои тӯлонӣ дар ансамбли “Дарё” фаъолият дошт. Маҳз дар ин дастаи ҳунарӣ номдору овозадор шуд. Солҳои охир дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекард. Салиқаи хоси сарояндагӣ дошт. Мардум ӯро дӯст медошанд. Ёдаш ба хайр!”, – гуфт Шаҳобиддини Ҳақназар.

Фарҳоди Зикир, роҳбари ансамбли “Дарё” дар суҳбати телефонӣ ба pressa.tj марги Бунафша Шокироваро талафот арзёбӣ карда, гуфт: “Эшон қабл аз роҳбар таъйин шудани ман ба ансамбли “Дарё” ба нафақа баромада буданд. Яъне бо он кас кор накардаам. Вале маргашон барои санъати тоҷик талафот аст”.

Бунафша Шокирова чанд вақти охир бемор ва дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.