Ҳушдори СММ: Ҷанги Украина қаҳтӣ меорад!

Майкл Фахрӣ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳаққи ғизо ҳушдор дод, ки таъхири бештар дар содироти ғалла аз Украина ва Русия метавонад қаҳтӣ ва буҳрони гуруснагиро дар бархе аз минтақаҳои ҷаҳон, монанди Яман ва Эфиопия ба миён орад.

Ба гузориши рӯзномаи «Guardian», тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳое чун Эрон, Миср, Туркия ва Бангладеш 60 дарсад ғаллаи худро аз Русия ва Украина ворид мекунанд ва идомаи содироти ғалла аз ин кишварҳо барои онҳо бисёр муҳим аст.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди сад киштии пур аз ғалладона дар Баҳри Сиёҳ банд мондаанд ва содироти ғалла аз Украина тариқи Баҳри Сиёҳ қатъ шудааст.

Шӯрои байналмилалии ғалладона, қароргоҳаш дар Лондон низ гузориш додааст, ки роҳҳои алтернативӣ барои содироти ғалла аз Украина, аз ҷумла роҳи оҳан дар ғарби ин кишвар маҳдуд ҳастанд ва содироти ғаллаи Украина дар соли ҷорӣ ба ҳудуди 48 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт.

Ин Шӯро моҳи гузашта пешбинӣ карда буд, ки Украина метавонад ҳудуди 63 миллион тонна ғалла содир кунад.

Дар Русия низ содироти ғалладона оғоз шудааст. Вале ҷорӣ шудани таҳримҳои сахти Ғарб алайҳи Русия доманаи содиротро маҳдуд кардааст. Русия дар ҳоли ҳозир содироти ғалладона ба баъзе кишварҳои Осиёи Миёнаро ба таври муваққат манъ кардааст.

Вазорати кишоварзии Русия рӯзи 26-уми апрел эълон кард, ки содироти ғалладонаро то 1-уми июл муваққатан бозмедорад. Тасмими мазкур бар хилофи ҳушдорҳои созмонҳои байналмилалӣ гирифта шуд, ки аз кишварҳо даъват кардаанд занҷираи таъмини маводи ғизоро дар марҳилаи пандемияи “КОВИД-19” халалдор накунанд. Украина низ пас аз ҳамлаи Русия содироти бархе навъҳои ғалладона, мисли ҷавдор, ҷав ва арзанро манъ кардааст.

Қаблан Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор дода буд, ки афзоиши қимати маводи хӯрокворӣ ва энержӣ бар асари ҷанги Украина мумкин аст боиси «нооромии иҷтимоӣ» дар Африқо шавад.

Украина ва Русия дар бозори равғани растаниву ғалла ва чанд навъи дигари маҳсулоти кишоварзӣ саҳми зиёд доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.