Ҷайҳун: Маркази логистикӣ сохта хоҳад шуд
Ба хотири омода кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон парки технологию логистикӣ сохта мешавад. Ин лоиҳа дар афзоиши содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас хоҳад гузошт.
Азизулло Ализод, раиси ноҳияи Ҷайҳун дар нишасти хабарӣ бунёди парки технологӣ ва логистикиро тасдиқ кард. Ӯ афзуд, ки барои амалӣ кардани ин лоиҳа аллакай замин ҷудо гардидааст.
Искандар Шерализода, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки барои парки логистикӣ дар ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия 1, 70 гектар ҷудо шудааст. Ӯ мегӯяд, замин ҳанӯз соли 2024 ҷудо гардида буд. Дар ин ҷо сохтмони анбор барои нигаҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бунёд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ